Кишвари мо, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан нокарда, мехоҳанд, ки фазои истиқлоли моро вайрон намоянд.

Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Имрӯз Пешвои милати тоҷик бо тамоми ҳастии хеш талош бар он меварзанд, ки ҳадафҳои олии кишварро дар амал татбиқ намоянд.

Он гирдиҳамоии наҳзатиҳо, ки бо мақсади нопок амалӣ карданианд, боварӣ дорам, ки касе аз ин фитнаҷӯёни замон ҷонибдорӣ нахоҳад кард, зеро мардум ҳамеша озодӣ мехоҳанд.

Озодии кишвар дар он ифода мегардад, ки мардум зиндагии орому осоишта дошта, пеши роҳи ҷинояткориро гиранд. Аминам, ки ин нақшаи зиддидавлатии наҳзатиҳо, ки нопоку щаразнок аст ба мисоли бадкирдориҳои қаблӣ барбод хоҳад рафт.