Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои «диндорон» ноҳамвор сохта, нотинҷиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинадӯзӣ, фурсатталабӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз таъсири бади он ранҷ мебарад.

Пас ҳоло ҳоикмияти кишвар дар дасти халқ  аст. Халқе, ки комилан бофарҳангу бомаданият ва комилҳуқуқу босавод. Халқе, ки дигар ҷангу ҷидол ва бесарусомониҳоро намехоҳанд ва маҳкум менамоянд. Ҳоло мардумогне дар ин сарзамин зиндаги мекуннад, ки ба қ адри озодиву ободии кишвар мерасанд ва онҳоро ба қадри ҷони хеш дӯст медоранд.