Ватани азизамон – Тоҷикистони куҳанбунёду тозаистиқлол дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 20-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии худ қарор дорад.

Дар тӯли ин 28 соли бурду бохтҳо Тоҷикистону тоҷикистониён бо амри тақдир ҳамаи шебу фарозҳои таърихи ҳазорсолаи худро бори дигар аз пеши назар гузарониданд. Дар он айёми ноорому пурошӯб ҷомеаи мо ба нерӯи пурқудрати сиёсие ниёзу эҳтиёҷ дошт, ки тавонад пеши роҳи ҷанги бемаъниро бигирад, дар кишвар сулҳу салоҳ ва ва оромиро барқарор кунад, миллатро дар атрофи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ сарҷамъ намояд.

Халқи тоҷик, таҳти сарварии Пешвои хирадманду дурандеши худ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу субот ва Ваҳдату ризоияти миллӣ комёб гашт. Мо ин арзишҳои азалиро бо нархи ҷони зиёда аз 130 ҳазор нафар қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ, ноумедию сарсонии 70 ҳазор нафар занони бешавҳармондаю гиряи зори 60 ҳазор нафар кӯдакони ятим ва зиёда аз 10 миллиард доллар хисороти иқтисодӣ харидорӣ намудем.

Барқарор гаштани сулҳу субот боиси афзун гаштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва беҳбудии рӯзафзуни шароити зиндагонии сокинони кишвар исботи гуфтаҳои болост.

Ҳамдиёрони азиз! Биёед Ваҳдату ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи кишварамонро аз ҳамаи дигар арзишҳо волотар донему онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Ба иғвою тӯҳматҳо, ғайбату дасисаҳо ва фиребу найрангҳои бадхоҳони дохилию хориҷӣ амсоли ҲНИ ва «Паймони миллӣ» фирефта нашавем.

Фарзандонамонро аз таъсири ақидаҳои экстремистию террористӣ, наъшамандию ҷинояткорӣ ва бесаводию беҳудагардӣ эмин нигоҳ дошта, дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия намоем.

Дӯстию рафоқат, инсонпарварию ҳамдигарфаҳмӣ ва адлу инсофро меъёри зиндагӣ қарор дода, бо меҳнати ҳалолу суботкоронаи худ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба рушду нумӯи Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намоем.