Бадбахтона баробари  дигар  тараққиёту  пешрафт, таассуб низ ақибнишинӣ  накарда,  пеш меравад ва  тафаккури  мардумро то ба дараҷае заиф  гардонидааст, ки  ҳатто  ба исломи  гуфтаи хоҷагони ифротгаро ба онҳое, ки ҳатто аз ислом хабар надоранд эътиқод  доранду ба қавле таасуб мекунанд, бегонапарастӣ  нисбати  фарҳанги  миллат, тақлид  ба либосҳои  мамлакатҳои  аврупову Эрону Афғон. Аммо бояд тазаккур дод, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ  чодарпӯш набуд, пас чаро имрӯз  қабиле аз  занону духтарони мо худро бо чодару либоси сиёҳ, ки нишонаи мотам аст,  ба бар намудаанд, гӯё ба ин васила имони худро ба дигарон намоиш медиҳанд ва хешро фидоии ислом меҳисобанд. Имон доштану ибодат кардан ба хотири худ аст, на ба хотири намоиш. Ва барои мусалмони будан. На ҳизби наҳзатиҳо лозим асту на фартарчаи ҳизбӣ. Ин, ки дар ниҳоди кас имону виҷдон ҳукмрон бошад, пас исломи ҳақиқӣ ҳамон аст, на ташвиқотҳои наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ.