Аз касе пӯшида нест, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломро дар хориҷи кишвар кӣ пуштибонӣ мекунад? Агар ҳамин тавр намебуд, Муҳиддин Кабирӣ ва ғуломонаш амсоли Илҳом Ёқубов, Алим Шерзамонов ва Шарофиддин Гадоев аз кадом сарчашма Анҷуман месозанду худро бо ифтихор роҳбар меноманд.  Бояд гуфт, ки роҳбари «Паймони миллӣ» Муҳиддин Кабирӣ аз лиҳози одамияту донишманди чандон шахсияти «парии пок» нест. Ӯ нисбати тақдири чандин нафар  зердастонаш бетарафӣ зоҳир намудааст.  Хоҷагонаш мудом дастгириӣ ва пуштибонӣ намуда, ӯро мунтазам сармоягузорӣ мекунанд. Вагарна Кабирӣ на сиёсатмадор ва на олими дин ва на ягон мутахассис ва на ягон ҳунарманд аст, ки дар хориҷа бо меҳнати ҳалол рӯзӣ пайдо намуда, худ ва аҳли оилаашро хӯронад. Аз ин нуқтаи назар ҳамагон медонанд, ки Кабирӣ меҳнати ҳалол кардан, заҳмат кашидан ва бо арақи ҷабин дарёфтани ризқу рӯзиро бад дида, мехоҳад доимо бо пайсаи муфти хоҷагонаш рӯзӣ пайдо кунад. Бадбахтиаш он, ки Кабирӣ ин танбаливу нони ҳароми хоҷагони худро хӯрданро ба шогирдонаш амсоли Илҳом Ёқубов омӯзонида истодааст ва онҳо низ «мазза»-и ин пулёбиро фаҳмиданд. Акнун, ки аҳли ҷаҳон аз сӯйистифода ва бадномкуниҳои наҳзат аз дини мубини ислом огоҳ гардиданд Кабирӣ ва Илҳомл ин маротиба мехоҳад ба худ ниқоби демократия кашида, боз ҳам ҷавонони ноогоҳро гумроҳ намуда, ҳаёти босаодати онҳоро зери суол барад. Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.