Хушбахтии мардуми тоҷик ва хирадмандии Пешвои он аст, ки фаъолияти ғайриқонунии ҲНИ саривақт боз дошта шуда, тамоман манъ карда шуд.

Амалҳои ҲНИ, ки солҳои дароз худро узви Тоҷикистон ҳисоб намуда, аммо аз дарун бар зидди давлат баромад, ҳамаро ба ташвиш андохт.

Сарвари давлат, ки инсони наҷиб аст, ба ин ҳизб ҳамаи шароитҳоро фароҳам овард, то мардуми тоҷикро дар руҳияи дини мубини Ислом ба роҳи росту дуруст ҳидоят намояд.

Аммо пайравони ин дин ҳама ватанфурӯшу нохалаф будаанд. Амалҳои зишти худро бо дин рӯйпӯш намуда, бар муқобили миллату давлати худ муборизаро оғоз намуданд.

Бо зиракиву ҳушёрии Сарвари давлат ва кормандони мақомотҳои махсус ҳамаи ин кирдорҳои ғайриқонунии наҳзатиён ошкор гардид. Фавран чораҳои зарурӣ андешида шуд. Халқ аз дасти бесарусомониҳои нав наҷот ёфт. Мутаасифона шахси бадгуҳар то охири умри худ ислоҳ нахоҳад шуд. Хоҳ дар ватани худ бошаду хоҳ берун аз он.

Имрӯзҳо мебинем, ки наҳзатиёни фироркарда берун аз кишвар истода, Тоҷикистонро зери борони танқиду маломат гирифтаанд. Чӣ гуфтанашонро надониста, дурӯғҳои бофтаи худро тавассути расонаҳои хабарӣ ба мо ирсол намуда истодаанд. Тирашон ба нишон нарасида истодааст. Аммо ин ҳам онҳоро боз надоштааст. Суханонашон ба касе таъсир накард. Бо амал пурқуватии худро намоиш додан хостанд. Аммо бефоида.

Ба наҳзатиён гуфтанием: мо аз вартаи ҷанги хонумонсоз раҳоӣ ёфта, сулҳро пеш гирифтаем. Мо зиндагии осоиштаро хоҳонем. Мо муттаҳид ҳастем. Пешвои худро дорему пайрави ӯ ҳастем. Бас аст масхарабозиҳои шумо! То кай вақти худро сарф намуда, дурӯғ мебофеду онро боз ба мо мерасонед. Овозаҳои беасоси шумо нафрати моро дучанд гардонида истодааст. Ҳаминро бояд донист, ки ҳеҷ як бадхоҳ ба мақсад намерасад.

 

Бад макун, ки бад афтӣ

Чоҳ макан, ки худ афтӣ.