Ба доми макру фиреби ифротиён афтидани иддае аз ҷавонони тоҷик, ба амалҳои террористӣ ва ҷангҳои ба ном «Давлати исломӣ» дар Сурияю Ироқ ҷалб гаштани онҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки қувваҳои сиёҳдил наврасону ҷавонони моро гумроҳ намудаву ба сафи террористон кашида метавонанд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ диҳем, то сатҳу сифати дониши насли наврас ва ҷавононро баланд бардошта, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем. Ҷавононро бештар ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, аз фикру ақидаи онҳо огоҳ бошем.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари сулҳофари кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Баҳри пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа бояд тамоми мардуми кишвар ҳамҷоя гардида, дар атрофи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ гардем. Барои амнияти кишвар, осудагии мардум ва фазои озод кӯшиш намуда, баҳри ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.