Мо, устодони кафедра  вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои  муғризонаи гурӯҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати  имрӯзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ба аҳли маорифчиёни  минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки бо ахлоқи намунавӣ ва дониши мукаммали замонавӣ бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза бурда, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву пули бедардумиёни ташкилотҳои терористӣ  нашванд ва бо онҳо бо амали нек посух дода, зирракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

     Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз,  пеш аз ҳама сокинони бонангу номуси Бадахшон худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарифи Бадахшон гардида истодаанд. Аз ҷумла гуруҳҳои мутташакили террористӣ бо сардории Алватшоев Амриддин,Шанбиев Мунаввар, Мазоров Хурсанд, Мамадбокиров Мамадбокир,Рачабов Зоир ва Айёмбеков Толиббек барои  ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа, бетартибиҳои оммавӣ, муомилоти ғайриқоунии воситаҳои нашъадор,  авбошӣ ва ғайри қонуни соҳиб шудан ба молу мулк машғул буданд, ин кирдори ношоистаи нохалафонро маҳкум менамоем  ва  ба ахли чомеъаи мардуми осоиштаи Ватан махсусан ба мардуми  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат намуда, гуфтанием, ки ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани боқимондаҳои гуруҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед.