Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал бофарҳангу бомаданият ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойлдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабони ва тинҷиву ориомии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.

Ин «гирдиҳамоии бузург»- и наҳзатиҳо низ яке аз ин ҳадафи ғаразнокест, ки алайҳи миллати тоҷик, аалайҳи кишвари мутамаддину соҳибистиқлоли тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Рӯ то рӯз мо ба санаи амиқкардаи мухолифон наздик шуда истодаем ва хоҳад дидем, ки наҳзатиҳо дар митинги «бузург» - ашон кадом «бузургон» - ро ҷамъ мекунанд. Ба ҷуз ғуломони ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони манфиатҷӯю ҷангҷӯй дигар касе иштирок намекунад.

Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз бояд ҳар кадом аз шаҳрванони баору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрфторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем.