Имрӯзҳо наҳзатиҳо  бо дастгирии молиявии хоҷагони эронии худ мехоҳанд  ҷомеаи озоду ободи моро ба гирдоби бало кашанд. Вале, ин нафарони сияҳдил бо роҳбарии сарвари  ТЭТ ҲНИТ  Кабирӣ ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро  оламиён бори дигар аз асли воқеа ва сурату сирати аслии ин хоинони миллату мазҳаб ошно гардиданд.

Боварӣ дорем, ки мардуми ориётабор ва ватанпарасту озодихоҳи тоҷик, ба хусус ҷавонони ватандӯсту боору номӯси он, фирефтаи сиёсатбозиҳои ин хоинони миллату мазҳаб намегарданд, ки мехоҳанд як амалеро мисли солҳои 1991-1997 аз нав роҳандозӣ намоянд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди ватандӯсти тоҷик омода аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад ва дар ин роҳ пеш аз ҳама аз даъвату ҳидояту дастурҳои ватанпарастонаи Пешвои муаззами Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода мебаранд.