Мо ҷавонон бояд донем,  ки имрӯз дар баробари саҳми калони мо  дар раванди ташаккули ҷомеа, ҳамзамон дигар нафароне ҳастанд, ки бо фаъолияти носозгори хеш аз номи худ ба номи ин миллат иснод меоранд. Паи “диндорон” и наҳзатиҳо рафта, худро дар вартаи мағлубият мебиннанд, зеро ки фирефтаи доми ин маккорон мегарданд. Динро аз таассуб ҷудо карда натавониста, шомили ин ё он гурӯҳе мегарданд, ки мақсадҳои нопок дорад.

Мо медонем, ки ифротиёни наҳзати таҳти роҳбарии Кабирӣ хоҳони онро дорнад, ки ба ҳар воситаи миёни мадуми кишвар тарғиботи дин кунанд. Аммо ба ҳамаи мо маълум аст, ки дини онҳо, дини қатлу дини куштор аст, зеро онҳо лаънатзадаи Худову бандагонаш гардидаанд. Ва динро аз рӯи ниуоби худ ба мардум талқин менамоянд. Мо бояд донем, ки дини ислом барои наҷот омадааст, на барои  мардумҷудоиву кофир гуфтану тафриқаандозӣ, фитнаангезву қатлу куштор.