Рӯз то рӯз намояндагони ҳизби мамнӯъгаштаи ТЭТ ҲНИ доманаи фаъолияти худро густурдатар мекунанд.  Дар конфронси САҲА баромад карданд, боре худро чун «истиқлолхоҳ» вонамуд сохтанд ва дар дигар иброз намуданд, ки эшон давомдиҳандагони насли нави босмачиён ҳастанд. Ин навзуҳуркардагони қавми босмачиҳо зикр медоранд, ки дар Тоҷикистон озодии баён ҳукм намеронад, дигаре мегӯяд, ки  сиёсати пешгирифтаи миилати мо гӯё бо меваю сабзавот аст, чорумин иброз мекунад, ки танҳо минтақаи Бадахшон мондааст, ки онро низ тобеияти қонунияти иллат сохта истодаанд. Ба фикрам мардум ягон ин изҳоротеро, ки барояш хуни ҷигари мухолифин рехтааст, ҳатто назар накардаанд. Акнун идао намудаанд, ки ҳокимияти хонаводагиро ба роҳ мондаанд, Сарвари давлат ва таъиноти кадрии Бадахшон сафи ифротиёнро бештар месохтааст. Боз дидем, ки кадом нафар ба ин суханони пучу бемаънии аъзоёни фаъоли «Паймони миллии Тоҷикистон» бовар намудааст. Назарам бар он аст, ки ин нафарони нохалаф бо ҳар гуна ақидаҳои ифлоси хеш метавонанд ба зеҳни ҳар нафари саводи кофии динӣ надошта таъсир расонанд. Аз ин ҷост, ки бояд ҳар кадоми мо зиракии сиёсии хешро аз даст надода, ба ҳар суханони эшон бо ҷавоби рад зарбаи ҳалокатбор занем.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шахрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин дорем.