Устодони кафеда бо арзи ҳамдилӣ ба мардуми заҳматкашу ваҳдатгаро ва созандаву фарҳангпешаи вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалҳои  он нафарони носипосеро, ки фирефтаи суханони гурӯҳҳои  ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво дида истодаанд ва бобати вазъу шароитҳои мавҷудаи ин минтақаи арзишманди Тоҷикистон ақидаҳои ботилу иғвоангезро дар байни аҳолӣ  паҳн  карда,  фазои нооромро дар ҷомеа эҷод намуда истодаанд, сахт маҳкум менамояд. Зеро кирдорҳои нангине,  ки аз ҷониби  носипосони ин сарзамин Аловатшоев Амриддин, Ёдгор Мамасаломов, Мазоров Хурсанд, Мамадбокиров Мамадбокир, Раҷабов Зоҳир, Шанбиев Мунаввар ва Аёмбеков Толибек содир гардидаанд, шарафи ҳар як тоҷику тоҷикистониро паст зада хилофи ҳам дину ҳам қонун маҳсуб мешавад. Аз як нигоҳ,  ҳар кадоме аз ин чеҳраҳои манфур аз обу хоки поки ватани азизамон баҳраманд буда, вале аз нигоҳи дигар носипосу хиёнатпеша ва разил ба чашм мерасанд.

Зеро чунон, ки иттилоъ ёфтаем,  чанде аз сокинони вилояти мазкур ба таҳкири намояндагони ҳокимият низ даст зада, авбошӣ,  қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳаро пеша намуда, ҳатто дар байни афроди ҷиноятпеша ҷамомадҳо доир намудаанд. Вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард, ки омили пешомадҳои садамаҳои  фоҷиавӣ мегарданд албатта ҳузнангез ва ислоҳпазир дониста мешавад.  Аз ҳамватанони шарафманд ва меҳанпарасти кишвари азизамон даъват ба амал меоварем, ки дар роҳи маҳв сохтани чунин гурӯҳҳои тундраву ҷиноятпеша бо мардуми сарбаланди Бадахшон ҳамдилу ҳаммаром бошем ва нагузорем, ки фазои орому осоишта ва амнияти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон халалдор гардад.