Ҳамаи мо огоҳем, ки дар нишасти солонаи САҲА як гурӯҳи хоинони миллат ба худ либоси дигар дарбар карда, чор созмони оппозитсионӣ ташкил намуда,  худро ба ҳайси чеҳраи нави сиёсии оппозитсионӣ бо номи «Паймони миллӣ» дар хориҷи кишвар муаррифӣ карданд. Аммо бо гузашти як моҳ ин ниҳоди «пурқудрат» натавонист тарафдорони худро пайдо кунад. Онҳо гумон доштанд, ки фавҷи одамон тавассути шабакаҳо ба онҳо пайваст шуда, як рақиби пурзӯре хоҳад шуд. Аммо тушбераро хом шумориданд. Бо ин амалашон онҳо нафрату надомати халқро боз ҳам зиёдтар намуданд.  Зеро ҳама аз чеҳраҳои манфури роҳбарони ин «Анҷумаҳо» безор шудаанд.

Мо хоҳони онем, ки ин хоинони бадсиришт аз роҳи пурхиёнаташон баргарданду ба назди ин сарзамини биҳиштосо ва ин кишвари ободу озоду зебо сар фуруд оварда, саҷда намоянд, тавба кунанд. Аммо гумон аст, ки мардум ин қассобони даст дар хуни миллат тарро бубахшад. Ин бадбахтҳоро на Худо мебахшабу на халқ!