Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Мутаассифона, рисолати ҲНИ, ки мебоист аҳлоқи покро бояд миёни ҷомеа тараннум мекард, баръкс ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои табадуллоти давлатӣ кӯшиш намуданд. Ин ҳизб аз як ҳизбе, ки барои пешравии миллат кӯшиш меварзид чун як ҳизби террористӣ гардида, тӯли беш аз 25 соли фаъолияташ ба таври пинҳонкорона  фарзандони бонанагу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Бояд гуфт, ки мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, ифротгароӣ ва нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Мо, шаҳрвандони ин сарзамин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, барои боз ҳам шукуфоии Тоҷикистони азиз кӯшиш мекунем. Ба ин аҳримансифатон гуфтанием, ки Тоҷикистон ватани шахсиятҳои меҳанпарасту миллат дӯст мебошад ва мо намегузорем, ки ин миллатро ба дасти хоинони кишвар диҳем.