Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба амнияту рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар ба вуҷуд меоварад, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст. Дар баробарии тараққиёти техникӣ дар охири асри ХХ терроризм доман паҳн карда, ба муаммои глобалӣ табдил ёфт.

Ҳар як амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои олам бо роҳу воситаҳои гуногун содир мегарданд, мавзеъҳои серодам мавриди ҳамла қарор дода мешаванд.  

Ин ташкилотҳо ҷавонони бесаводу бемаърифатро ба боварии худ дароварда, онҳоро бовар мекунонанд, ки гӯё шахси ба амали террористӣ дастзада биҳиштӣ аст. Овардани баъзе далелу мисолҳои бардурӯғ, суханҳои пучи худро исбот карданӣ мешаванд. Он шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машғулияти муайян надорад, аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад.

Ташкилоти террористӣ аз инсони оддӣ “робот” тайёр мекунанд, ки новобаста аз тағйирёбии вазъият фикри худро иваз нанамояд. Ин ташкилот роҳу усулҳои гуногунро истифода бурда, баҳри гумроҳ сохтани инсони носолимфикр ба кор мебаранд.

 Баҳри пешгирӣ, аз он ҷумла терроризму экстремизм ҳар як ҷавони солимфикрро зарур аст, ки баҳри ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ пайваста кӯшиш намояд, дониши сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси худшиносии миллии худро бо мутолиаи маводи илмӣ, ширкати фаъолона дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ баланд бардорад,  нисбат ба вазъи равонии аҳли оила, наздикону пайвандон ва воқеаҳои атрофи худ бетараф набошад, аз вазъи ҳамарӯзаи ҷаҳон тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳӣ ёбад ва ба он баҳои воқеӣ диҳад, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва саҳм гузоштан дар ободии он, шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатиро воситаи комёбиҳои беназир ва хушбахтии беканор донад, воситаҳои техникӣ, шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода намуда, аз муошират бо шахсони бегона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи маводи шубҳанок ва бозиҳои шабакавии дорои характери зӯроварӣ ва ифротгароӣ худдорӣ намояд, зеро гуруҳҳои ифротгаро шабакаи интернетро воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба сафи худ интихоб намудаанд.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.