Бо кӯшишҳои пайгиронаи давлат ва Ҳукумати кишвр миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳастанд қувваҳое, ки пешрафти мамлакатамонро нодида мегиранд. Мехоҳанд бо ҳар баҳона камбудиҳои ҷузъии ҷомеаро бузург нишон дода, ҷомеаро ба гирдоби нобасомониҳо кашанд. Ин амалкардҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Мо, устодони факултети информтика ва энергетика  амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИ-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

Мо ҷавононро талқин мекунем, ки танҳо илм омӯзанд ва роҳи ростинро пеша созанд.