Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Ин ташвиш падидаи номатлуб ва хатари бузург ба ҷомеа – экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд.  Пӯшида нест, ки имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ва насли наврас ба гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бештар ба назар мерасад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бештаре аз ин рафторҳои аз ақли инсон берун дар давлатҳои исломӣ ба амал меоянд.

Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо амсоли  ДИИШ, Салафия,  «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст. Шахсони ба ин гуна ҳаракатҳо шомилгашта амалҳои зишти худро бо ислом рӯйпӯш намуда, ин дини покро ба таври дигар муаррифӣ менамоянд.

 Таассуфовар он аст, ки Ҳизби наҳзати ислом, ки чун ҳизбӣ қонунӣ фаъолият медошт, пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2015 шеваи корбарии ҳизбу ҳаракатҳои болозикрро ба худ касб намуданд. Яъне, мардумро гумроҳ намудану бо роҳи табадуллоти давлатӣ сари ҳокимият ва қудрат омаданро бо роҳнамоии хоҷагони берунаи худ пешашон мақсад гузоштан. 

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон” омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар.