Сияҳдилони раҳгумзада ҳангоми силоҳи сухан ба даст гирифта, ба сабаби ҳақношиносӣ теғи ҷонситон ба ҷигари Модар- Ватани хештан заданӣ мешаванд, метавон гуфт, ки эшон хиёнаткори ватананд. Эшон чунин мепиндоранд, ки дар ҷодаи хиёнаткорӣ аз ҷониби қишрҳои алоҳидаи сокинони диёр  ҳамдилию дастгирӣ меёбанд. Ин хомхаёлон дар мисоли раҳбари кӯтоҳназар - фарзанди нохалафи Кабирӣ, яъне шогирдонаш, ки нав ба нав рӯи об баромада истодаанд. Имрӯз Равшани Темуриён бе дарки амиқи шинохти миллаташ баён кардааст, ки Тоҷикистон дар масалаи музокироти сулҳ бо сарварии  Эмомалӣ Раҳмон беаҳмиятӣ намуда, бо хости худ барояшон сулҳро ҷорӣ сохтанд. Ва ба воқеияти он шубҳа доштааст. Иброз намудааст, ки бояд ҳамаҷониба барои заиф нагардидани пояҳои он талош варзем. Гӯш кунед,  Равшани Темуриён вақте, ки дар ин сарзамин зиндагӣ намекунед монед, ки заминамон аз оризаҳо пок истад. Хоки онро барангехта, бо чанги он мардумро дар гирдбоди он ба талотум набаред. Агар барои пешравию озодии мо кор мекардед, мардум бо ҷанги бародаркуш рӯ ба рӯ намегашт. Замоне худро сулҳпарвар пиндоштед, вале ин корро карда натавонистанд, зеро ки қисми исломгарои мардуми шарифи Тоҷикистон дигар он ҷомеаи сиёсатношинос ва ба ин сабаб аз ҳақиқат ғофили ибтидои солҳои навадуми асри мозӣ нестанд ва имрӯз ба ҳеч ваҷҳ ҳизби бадномшудаи ҲНИ-ро  пуштибонӣ нахоҳанд кард. Мардум ба оқилонаю дурандешона ва хайрхоҳонаю раиятпарварона будани сиёсати Сарвари кишварамон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди бузург пайдо кардаанд. Ин фарзанди фарзонаи Тоҷикистони азиз аз ҷониби хурду калон ба ҳайси Пешвои миллат бо ҷону дил пазируфта шудаанд ва сари вақт пешгирӣ карда шудани балвои гумоштаҳои ТЭТ ҲНИ-ро собит намуд, ки кулли бошандагони мамлакатамон имрӯзҳо бештар аз дирӯз дар атрофи ҳукумат ва роҳбари бохиради он муттаҳид гардидаанд. Чунин рӯҳия барои халқи мо табиӣ буданаш лозим аст. Зеро, шароити феълии дохили кишвар, минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти Тоҷикистон, неруҳои сиёсӣ тақозо мекунад, ки ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас бидонем, ҳифз намоем.