Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд.

Ин дастовардҳои кишварро гурўҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрўза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд. Мисоли онро мо дар фаъолияти ҲНИ дида метавонем, ки раҳбарияшро Муҳиддин Кабирӣ бар ӯҳда дорад.  Зикр кардан ба маврид аст, ки Кабирӣ намоишкорона дар сомонаҳои Ахбор.сом ва Паём нет муроҷиатномаҳои бесару нӯге ба мардум мефиристад. Аз баромадхояш маълум, ки ба эҳсосот сахт дода шудааст ва худ намедонад, ки чиҳо гуфта истодааст.  Ҳамаи суханҳои ӯ дурӯғ буданашро мардуми шарифи кишвар медонанд. Вале филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва иқрориАёмиддин Сатторов, собиқ мубаллиғ ва яке аз муассисони ҲНИ парда аз рӯи дасисабозиҳои ӯ бардошта шуд. Ин нафари худхоҳ бо ҳизби хуношоми худ дар Аврупо чун гурӯҳи бегуноҳи фақат пешравии миллаташро мехонда вонамуд карда, миллонҳо доллари хоҷагонашро бар манфиати шахсии худ сарф мекард ва мекунад. Маҳз ин ҳизб дар ошӯбгариҳои шаҳри Хоруғ, воқеаи нангини Тавилдара ва ба ҳалокатрасии чандин афсарон, ошӯб дар шаҳри Ваҳдат ва ниҳоят дар амалиёти терактии охири моҳи июл ру дода даст дорад.

Моро мебояд, ки  ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрўз Тоҷикистон соҳиб шудааст, аз ҳар вақта дида ҳушёртару зирактар бошем. Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад.

 

М.Ғозиева, номзади илмҳои таърих,

Ш. Файзиева,  унвонҷӯи кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

М. Раҳмонова, номзади илмҳои суханшиносӣ,

М. Оқилова, номзади илмҳои филологӣ,

М.Раҳматова, номзади илмҳои филологӣ