Солиёни зиёд аст, ки дар фазои ободу озод зиндагӣ ба сар мебарем. Барои мо, духтарон дар қатори дигар қишрҳои ҷомеа давлат таваҷҷуҳи хосса дорад. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъсиси квота барои таҳсил дар бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дар ин замина дарёфти ҷойи корӣ ва муҳим рӯзгори ободу осуда аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлат ва ҳукумат маҳсуб меёбад.  Аммо дар ҷомеаи кунуни ҳастанд қувваҳое, ки мехоҳанд бо истифода аз заифии иродаи ҷавонон онҳоро ба сӯи худ кашанд. Ҳадафи ҲНИ, гурӯҳи 24, «Озодандешон» маҳз чуни наст. Мо навори видеоии «фаълони гурӯҳи 24»-ро шадидан маҳкум мекунем ва гуфтанием, ҳар он чи ки онҳо иброз доштаанд, дурӯғи маҳз аст.

Мо,  духтарони фаъол аз ҳар вақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи мо бо ҳамсолон будан ва дархри розу ниёзи онҳо шудан аст.

 Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ҳар гуна ангезахои иғвоҷӯёна мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.