Сафари панҷрӯзаи кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миёни аҳолӣ, хосса аз ҷониби «душманони миллат» вокунишҳои гуногуне ба бор овард.  Мо медонем, ки «рақибони сиёсӣ»-и давлат ба ҳар оин ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат нуктагирӣ мекунанд. Президент агар зимни сафар аз дастовардҳои ин ё он минтақа зикр намоянд, ҳатман душманон бо чашми ҳасуду нодидагирӣ мегӯянд, ки Президент аз камбудиҳо чашм пӯшиданд. Аммо чун камбудиҳоро фошофош гуфтанд, гӯиё Сарвари давлат ба он минтақа ба таъбири халқи «ганда» шуданд. Аммо ин бор Сарвари давлат дилсӯзона аз камбудиҳои мақомотҳои қудратӣ сухан гуфтанд. Баръакс, ҳар ҳарфу ҳиҷои Сарвари давлатро мардум бо хушнудӣ пазируфтанд.

Эроди Сарвари давлат дар мавриди фармонфармоии иддае аз ба ном саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа дуруст аст. Дуруст аст, ки баъди супориши Пешвои миллат нисбати онҳо чораҳои ҳуқуқӣ андешида, нисбаташон протоколҳои эълон намудани огоҳии расмӣ таҳия шудааст. Ва ин нафарон Ғозибек Айёмбеков, Хурсанд Мазоров, Ёдгоршо Мамадасламов, Мунаввар Шанбеев, Амриддин Аловатшоев, Зоир Раҷабов савганд ёд карданд, ки минбаъд ба амалҳои ҷинояткорӣ даст намезананд.

Шӯрои собиқадорони донишкада  бо дарки амиқи вазъияти ба амаломада ин тадбири амниятиро нисбати саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дастгирӣ намуда, умед бар он мебанданд, ки дар такя бо мардуми шарифи вилоят ин мушкиливу муаммо зуд ҳалли худро меёбад.