Гаронбаҳотарин неъмате, ки инсон онро дорост, ин дин ва ватан мебошад. Шахсеро намеёбем, ки бо ватани худ ифтихор накунад, онро азиз нашуморад, зеро ватан сарзаминест, ки одамӣ дар он таваллуд ёфта ба воя мерасад. Ватан - гаҳвораи кӯдакии ҳар фард аст. Аллоҳи меҳрубон бо ҳикмати худ, дӯстдории ватанро дар фитрат, офариниши инсон ҷой додааст, ки қалби одамӣ  бо муҳаббати ватан метапад, хуни ӯ бо дӯстдории ватан  чорӣ мегардад, муҳаббати ватанро фарзандон аз падар ва аҷдодон мерос бурда, ба фарзанду наберагонаш боқӣ мегузорад. Инсон ватанашро ҳамеша дӯст медорад, агар ба сарзамине ба сафар  барояд, дере нагузашта онро ёд мекунад. Обрӯи ватанашро ҳимоя мекунад ва агар нисбати ватанаш, сухани ноҷое бишнавад, ба хашму ғазаб омада, аз он дифоъ мекунад ва ин муҳаббати ватан аст, ки парвардигор дар фитрати одамӣ гузоштааст ва бо ин муҳаббат, инсон баҳри ватан, ҷон ва руҳи худро дареғ  намедоранд. Чун ба ҳикматҳои илоҳӣ менигарем, бояд аз он ибрате гирифта бошем, бингарем, ки зодгоҳ-ватан ба ҳар мавҷудот азиз аст, ҳатто ҳайвонот, паррандагон ва ғайра зодгоҳ-ватани худро дӯст медоранд, онро тарк намекунанд, пас ин далели бузургест, ки дӯстдорӣ, муҳаббати ватан, дар офариниши ҳама мавҷудот аз ҷумла одамӣ гузошта шудааст. Пас бояд бидонем, ки дӯстдории ватан аз воҷиботи дин ба шумор меравад, бояд бидонем, ки ватан на фақат замин, об, ҳаво ё кӯҳу саҳро, балки бо баробари ҳамаи ин ватан, ин ҳуввият, арзишҳо, урфу одатҳои ҳамида аст. Ватан ин амну субот аст, маданияту фарҳанг аст, тансиҳативу тозагист. Аммо дар замони мо як идда носипосон бар обу хоки Ватан туф карда, ҳатто мазҳаби худро дигар намуда, мехоҳанд тухми низою нифоқро дар дили мардум кишт намоянд. Ба ин хоинони миллат ТЭТ ҲНИ мисол шуда метавонад. Моро мебояд, ки аз ҳар як ҳарфи онҳо хулосаи даркорӣ барорем, нагузорем, ки оромии кулли ҷомеа бо ҷурми чанде «озодандешон» ба тӯҳфоне бадал гардад.