Дар ҳама давру замон нохалафоне ҳастанд, ки бар зидди пешравию ободӣ баромада, фикру ақидаи хешро дуруст ва ҳақ мешуморанд. Баъзе нафарон, ки ҳамфикрони бадхоҳи худро гирдашон ҷамъ оварда, онҳоро низ ба роҳҳои фиреб мебаранд, даъвоҳову дурӯғҳои беасосро паҳн карда истодаанд.

Ҳамагон шоҳиди онем, ки солҳои охир ҲНИ чандҳо маротиба суханони дурӯғро овоза карда, худро соҳиби ҳақиқии давлату миллат пиндошта истодаанд. Аз лаҳзаҳои манъ шудани фаъолияти ин ҳизб мардум овозаҳои гуногуни хандаоварро шунида, аллакай одат кардааст. Агар аввалҳо ин дурӯғу фиребҳои наҳзатиён ба дили мардум тарсу ваҳмро ҷойгир намуда бошад, пас имрӯз ҳамагон онро овозае беш намедонанд.

Навиштани ҳар гуна ҳарзаҳо дар расонаҳои хабарӣ, барпо кардани гирдиҳамоиҳо, баромад аз минбарҳои баланди ташкилотҳои бонуфуз...

Аммо чӣ суд аз ҳамаи ин худнамоишдиҳо? Ҳамаи ин баромадҳои “воҳиманок” ба мардуми тоҷик заррае ҳам бошад ягон таъсири худро нарасонидааст. Баръакс, нафрати халқу миллати тоҷикро аз хурд то бузург ба бадхоҳони мо зиёд намуда истодааст.

Боз як овозаи дигар... Оид ба либоси миллии тоҷикона. Имрӯз мебинем, ки бисёри духтарон аллакай аз фарҳанги бегона даст кашида, матоҳои гуногунро бо дӯхти замонавӣ ба бар кардаанд. Ҳастанд нафароне, ки то ҳоло маданияти либоспӯширо хуб дарк накардаанд. Аммо аз 1-2 соли охир маданияти либоспӯшии занону духтарон то дараҷае баланд гардидааст.

Бо қабул гардидани тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба либоси ягона имрӯзҳо мебинем, ки аллакай донишҷӯдухтарон бо либосҳои протоколӣ, куртаҳои миллӣ ба муассисаҳои таълимӣ меоянд. Занону бонувонеро мебинем, ки дар тан либоси миллӣ доранд.

Халқи тоҷик аз қадимулайём халқи бомаданияту фарҳангдӯст аст. Занони тоҷик намунаи зиндаи оиладориву рӯзгордорӣ буда, маданияти баланд ва ҳисси баланди масъулият доштанду доранд.

Пас, чаро мо имрӯз бояд либоси миллӣ – куртаҳои хушнамудро гузошта ба фарҳанги бегона рӯй орем. Ҳатто аз филмҳои замони шӯравӣ аён аст, ки модарону бибиёни мо  куртаҳои атлас ба бар намуда, дар сар  тоқӣ ва рӯймол доранд.

Биёед, ин анъанаи некро давом диҳем. Намунаи зебои бонуи тоҷик гардида, доимо дар роҳи рост бошем.