Мо, ҷавонони фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳама гуна маводҳои ғаразнок ва суханҳои бардурӯғи маддоҳон ва тарафдорони ҳизби ба ном террористиву экстремистии ҲНИТ-ро маҳкум намуда, қайд карданием, ки чунин шеваи таблиғотие, ки имрӯз «аъзоёни содиқ»-и ин ҳизб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, аз рӯи оини ҷавонмардӣ нест. Зеро он асноде, ки онҳо дар нигоштаҳояшон меоранд, ягон заминаи воқеӣ надоранд. Баръакс, ин нафарони «фидоӣ» дар ҳар суханронии худ аз Худову расул ёдовар шуда, худ намедонанд, ки ягон рукни диниро ба  инобат намегиранд.Зеро мавҷи ҷавонони гумроҳе, ки имрӯз дар майдонҳои набарди Ироқу Шом ҷон ба  ҷаббор супоридаанд, маҳз маҳсули ташвиқу тарғиби «сарсупурдагон»-и ҲНИТ мебошанд. Инро мо не, худи шоҳидони ҳол нақл мекунанд.Он ҷавононе, ки ба умеди ояндаи зиндагии шоиста дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, банди макру ҳияли таблиғгарони ҲНИТ гардида, ҳаёти худ, волидон ва фарзандони худро сӯзонида истодаанд. Иддаи дигар ба хотири таълимоти илми исломӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби афроди маълуми ҲНИТ таълимоти террористиву экстремистиро меомӯзанд, ки ин хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хатар ба миллат аст.

 Худованд он касонеро дӯст медорад, ки худро дӯст дорад, пойбанди ҳама гуна иғвоҳо нашавад.

Дар ҳоли ҳозир ҲНИТ душмани миллат ва аз ҳама асосаш душмани ҷавонон аст. Аъзоён ва пайравони ин ҳизби ошӯбгар мехоҳанд ҷавононро ба истлоҳ манқурт созанд.  

Мо медонем, ки имрӯз ҲНИТ такя ба ҷавонон дорад ва дар гузашта низ ҷавононро гумроҳона ба ҳизбашон шомил намуда буданд. Ба ҷавонони хушёру зирак, ватандӯсту имони пок дошта муроҷиатан гуфтнием, ки ба қадри оромӣ ва шароити хуби таълиму тадрис расед. Зеро имрӯз барои тақвияти дониш, маҳорату малака, ҳунаромӯзиву рушди истеъдод дар Тоҷикистон ҳама шароит мавҷуд аст. Бигзор садоқати худро барои ободии диёр, барои модарону хоҳарони худ нишон диҳем. Зеро дӯст доштани  Ватан, обу хок, модар як ҷузъи имон аст.