Либос таҷассумгари ботини инсон буда, фикру андеша ва пайравии шахсро ба ягон фарҳанг нишон медиҳад. Чунончи, ниёгони тоҷикон фарҳанги бой ва чандинасра дорад, либоси миллиамон низ хеле зебову шинам ва ба шароити муосир мусоид мебошад, ҳам аз ҷиҳати гигиенӣ ва ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ хеле қулай аст. Хурсандиовар аст, ки аз тарафи роҳбарияти давлат ба эҳёи ҳунарҳо ва либоси миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардидааст.Аз таърих маълум аст, ки дар ҳама давр зан, модар нигоҳдорандаи расму оини муқаддаси ниёгон ба ҳисоб рафта, яке аз муаррифкунандаи анъанаҳои тоҷикона дар ҷаҳон мебошад. Ҳангоми дар бораи либоси миллӣ сухан гуфтан, пеши назар симои зан ҳамчун олиҳаи ҳусн бо либоси зебои шинам, рангоранг ва гулпарто меояд.

 Лекин, солҳои охир либоспӯшии занҳои мо дигаргун шуда, ин масъала боиси баҳсҳо дар ҷомеаи мо оиди фарҳангдории миллӣ гардид ва то ҳоло идома дорад.

Афсӯс, ки баъзе аз духтарон ва занҳои тоҷик  либосҳои ба фарҳангу миллати мо бегона ба бар мекунанд, ки баръакс ҳусни зебои тоҷиконаи онҳоро коста ва доғдор месозад.

Аммо, чи тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспўшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд ва ҳозир низ идома доранд.

Аммо ба ин нигоҳ накарда, баъзе занони тоҷик ҳусни зебояшонро бо либоси бегона коста карданд, ки ҳар як инсони ватандӯст ва миллатпараст аз ин падидаи номатлуб андӯҳгин мешавад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки либоси хизматии расмӣ иҷозат дода шудаст, ба шарте ки шинам ва зебо бошад. Муҳим он аст, ки занони тоҷик бояд шарму ҳаёи шарқиёнаро аз даст надиҳанд ва фарҳанги ниёгонамонро азиз ва нигоҳ доранд!