Ватан мафҳуми муқаддасест, ки сарнавишти ҳаёти мо дар он ва аз он оғоз меёбад. Меҳри Ватан дар дили инсон ва давраи кӯдакӣ дар баробари меҳри волидайн ба вуҷуд меояд ва он дар ҳолате рушду афзун мегардад, ки инсон аз меҳан дур ва дар ғарибӣ афтад. Ватани азизамон Тоҷикистонро баъди, ҳазор соли беватанӣ ба даст овардем, бояд ҳамчун гавҳараки чашм, азизу мукаррам дошта, баҳри ҳимояи марзу буми он ҳар яки мо – зану хоҳ мард ва пиру ҷавон камари ҳиммат бандем. Зиёиёнро мебояд, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву созандагӣ тарбия намуда, кинаву адоват ва тафриқаандозиро аз тинати эшон берун созанд.

Воқеан, ҷараёни татбиқи барномаҳои вусъатдори давлатӣ оид ба ватанпарастӣ собит месозад, ки бояд дар ин ҷода усулҳои нави кор ба насли ҷавонон ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд. Барои он ки дар ниҳоди насли ҷавони кишвар худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милливу таърихӣ, ифтихори ватандорӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо қабл аз ҳама бояд аз забон, таърих ва фарҳанги пурғановату арзишмандамон огоҳии бештару хубтаре дошта бошанд.

Дар баробари  муваффақиятҳои арзишманд ва комёбиҳои рӯзафзуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангие, ки солҳои охир Тоҷикистон бо онҳо ноил гардидааст, мутаассифона, мушкилоту масъалаҳое дар ҳаёти наврасону ҷавонони кишварамон вуҷуд доранд ва бартараф намудани онҳо зарур мебошад. Аз ҷумла, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракаҳои моҷароҷӯйӣ аз муҳимтарин мушкилоти ҷомеаи мо, алалхусус ҷавонони кишварамон, ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз ҷавонони моро мебояд, ки баҳри муҳофизати онҳо камари ҳиммат банданд ва пайваста дар омӯзиш ба худтакмилдиҳи бошанд, баҳри пешбурди сиёсати имрӯз ва ояндаи кишвар саҳми босазо гузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба маврид ироа намудаанд, ки аз тафриқаандозӣ хкддорӣ карда шавад. Бинобар ин ҷавонон ба ҳар гуна ташкилотҳо ва созмонҳои ифротгаро набояд шомил шаванд ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.