Яке аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Сарвари давлат дар он аст, ки Тоҷикистон ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил ёфта, мақоми байналмималиро аз имрӯза бештар касб намояд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати кишвар якчанд Стратегияҳои милли рушдро қабул намуда, барои амалишавии он талош дорад. Яке аз ин Стратегияҳо баромадан аз бумбасти комуникатсионист. Ҷомеаи Тоҷикон ва Тоҷикистон, то ба он дараҷае мутаҳид ва ҳамфикр аст, ки ҳар гурӯҳе, шахси манфиатпарасте, ба хотири манфиатҳои худ нисбати давлати мо тӯҳмат мезанад, онро рад карда ба ҳақиқат  рӯ меоваранд. Мусаллам аст, ки гурӯҳҳи ғаразпешаро, халқ ва давлати Тоҷикистон дар сарҳад ва дохил, намегузорад, ки ободсозӣ, пешравӣ ва афзоиши ғурури миллии ин халқу давлатро халалдор созад. Тоҷикистони мо  давлати озоду осоишта аст. Дар якчояги ин давлатро зеботару пурқудрат сохтан, қарзи ҳар як шаҳрванди баору номус ва ватандораст. Имрӯз мардум ба қадри сулҳу субот расида, кирдори он ҷинояткоронеро, ки худ бо ҷиноятҳои махсусан вазнин зиндони гаштаанд маҳкум меанмоянд. Гузаштагони боақли мо беҳуда нагуфтаанд, ки «Кори одатшуда, балои ҷон». Бо ин гуфтаҳо ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷандро дар назар дорам, ки ҷинояткор тоқат карда натавониста боз ба ҷиноят даст зад. 

Масъалаи ба дӯш гирифтани сар задани ошӯби мазкур аз ҷониби «Давлати исломӣ» танҳо баёноти наҳзатиҳост. Ин ҳодисаро айнан ба мисоли ҳодисаи куштори сайёҳон метавон ташбеҳ намуда, ки наҳзатиҳо онро низ ба гардани «Давлати исломӣ» бор карда буданд. Мутмаинам, ки ин бор низ ин «имондорон» - и беимон ин исёнро миёни маҳбусон барангехта, аз худ тамошобин сохтаанд. Дар ҳақиқат оиди ин масоил комиссияи махсус ташкил ва кор карда истодаанд. Уммедворам, ки ба наздикӣ асли матлаб рӯи об мебарояд ва ба мисоли он, ки фармони амалиёт алайҳи сайёҳонро наҳзатиҳо нақша кардаанд. Ин ҳодиса низ маълум хоҳад гашт, ки дар паи он кадом нобакор даст дорад.