Ҳаёти осудаву пешрафту шукуфоии мамлакат аз шаҳрвандони босаводу дурандеши он вобастагии калон дорад. Дар солҳои охир маърифати сиёсии мардум, ифтихору ҳуввияти ҷавонон хеле боло рафта, ҳар кадоме бо амри дилу виҷдон барои ободии кишвар саҳмгузор мешаванд. Аммо миёни ҷавонони худогоҳу заковатпеша ҳастанд нафароне, ки пойбанди фиребу макру ҳияли дигарон гардид, даст ба амалҳои нобахшиданӣ мезананд.

Душманони миллат бо истифода аз соддагии мардум мехоҳанд мамлакатро ноором созанд. Махсусан, онҳо бо навиштаҳои ғаразноки хеш  мардуми Бадахшонро ба шӯр андохтанианд. Рафтори ин нотавонбинонро сахт маҳкум намуда, пайравони онҳоро ёдрас мешавам, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, ҳаёти дилхоҳро соҳиб намешаванд. Аз мардуми соҳибназари вилоят даъват ба амал меоварем, ки ин ҳодисаи мудҳишро барои фарзандону пайвандон ҳамчун сабақи зиндагӣ матраҳ намоянд, то онҳо хатогии ҳамсолони худро, ки бо амри хоҷагони ДИИШ дар ҳамкорӣ бо ҲНИ кардаанд, дигар такрор насозанд.