Муҳамадиқболи Садриддин оё вақти он нарасидааст, ки таҳаввулоту дигаргунии ҷаҳони муосирро бо чашми воқеъбинона бингаред ва аз ин аъмоли ноҷавонмардонаву ғайриинсонии худ даст кашӣ?! Оё то ҳол умедворӣ, ки дубора дар ин кишвар барои тарғиби мақосиди ғаразноки хеш  имконияту шароити мусоид пайдо мекунӣ? Оё вақти он нашудааст, ки аз сарнавишти Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман ва дигар кишварҳои ҷангзада, ки дину мазҳабро бо сиёсат омезиш дода, ин кишварҳои ободу маъмурро ба хоку хун кашиданд ва миллионҳо мардуми бегуноҳро дар арсаи олам сарсону саргардон кардаанд, ибрат гирӣ?

Мутмаин бош, ки иштибоҳ мекунӣ ва бар роҳи ғалат меравад ва дар поёни роҳ танҳову бекас ва хору забун хоҳб  монд! Вақти он шудааст, ки ба дурўғпароканиву кинаҷўӣ, тавҳину туҳмати Ҳукумати кишвар ва гумроҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, хотима гузорӣ. Биё дар канори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, ин кишварро обод намоем ва дигар нагузорем хоинону душманони давлату миллат осоиши моро барҳам зананд.