Халқи заршиноси ҷумҳурӣ медонанд, ки ҳизби наҳзати ислом аз нахсутин рӯзҳои ба арсаи сиёсӣ омадан, дари фитнаю мусибат, ҷангу ҷанҷол ва харобгарию тороҷгарӣ боз шуд. Бо ташвиқи саркардагони ҳизб дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар пойтахти Ватани мо шаҳри Душанбе гирдиҳамойи бемантиқ оғоз ёфта, мардуми тоҷикро ҷонибдори ду майдон – майдони Озодӣ ва Шаҳидон ҷудо намуд, ки мубоҳизаи фоҷиабори ин майдонҳо ба сари халқу миллат бадбахтиҳои зиёд овард. Азрӯзҳои аввалини фаъолияташон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ҳизбҳо ғамхорӣ ва дастгириҳои бемислро роҳандозӣ намуданд. Хусусан ба ҳизби назҳати ислом доманаи фаррох кушоданд. Бо дастгирии давлат масҷидҳои дар давраи Шӯравӣ несту нобудшуда,  аз нав бунёд шудаанд.  Ба ғайр аз ин чӣ қадар масҷидҳои нав бунёд шуданд, ки давлати нав бо мақсади рушди ислом дастгирӣ намудааст, бар замми ин масҷидҳои бузургтарин бунёд ёфтанд, ки дар онҳо ба намозгузории панҷвақта иҷозат дода мешуд. Саркардагони ҳизб ба ҳамаи некиҳои давлат қонеъ нашуда, фитнаю ҷангу найрангро ба миён оварда, оқибат сабабгори ҷанги сахти шаҳрвандӣ гардиданд, ки харобати бадбахтиҳои бемислро ба сари халқ овард. Ин ҷанги бемантиқи шаҳрвандӣ, чӣ қадар қурбониҳои бемислро ба миён овард, ки қалам аз тасвири он оҷизӣ мекашад. Чӣ қадар модар бефарзанд, чӣ қадар зан бешавҳар, ҷӣ қадар бачаҳо бепадару модар гашта дидор ба қиёмат монданд. Ин ҷанги хонумонсӯз падару писарро гиребонгири якдигар, бародарро бо бародар ба набарди хунин андохта ба тӯъмаи марг ҳаво дод. Ин манзараи фалокатбор, хунрезии ваҳшиёнаю куштор, ки дар сари он ҳизби Назҳати ислом ва саркардагонаш меистаданд, боиси ғарибии ҳазорон нафар гардид. Дигарон ғариб карданду худ низ дар мулки ғарибӣ  даст ба иғвову дасиса мезананд.  

Мо медонем, ки ҷавҳари ислом ваҳдату ҳамбастагист.  Аммо ҲНИ бо нотавонбинию фитнаангезӣ ҳамоно мехоҳад амалҳои зишти худро пиёда созад.  Мехоҳанд ҷавонони моро ба ғафлат мононда, дасисаю фитнаҳои навро эҷод намоянд.

Ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол ба Шумоён бо дили пур муроҷиат менамоям. Шумо ҳам дар ҳақиқат ниҳоят пеш рафтаед, бо техникаи ҳозиразамон аз бисёр чизҳо воқиф гаштаед. Ақлу заковати Шумо ба дуриҳои дур парвоз карда метавонад. Бинобар ба Шумо муроҷиат карда мегӯям, ягон дақиқа ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед, ба суханони пуч ва ваъдаю даъватҳои ғаразноки Ҳизби фалокатовари назҳати ислом фирефта нашуда, бо ин хел афроди хоину вайронкор муборизаи беамон баред

Ҳамеша ба ғояҳои ҷовидонии Президенти маҳбуби кишвар содиқ, вафодор бошед, ки Тоҷикистон маҳз бо заковати пурмаҳсули Шумо ободу зебо мегардад.

 

Исломова М.М., ассистенти кафедраи молия ва қарз