Мо, устодон ва шогирдони факултети информатика ва энергетикаи  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки имрузҳо дар хориҷи кишвар ба номи миллати тоҷик иснод меоранд, қатъиян маҳкум намуда, гуфтанием, ки сомона сохтан, иғво андохтану номи баланди миллатро паст намудан амали ҷавонмардона нест. Вақт беҳтарин довар аст. Зеро ҲНИТ тӯли 40 сол натавонист ормонҳои мардумро пиёда созад. Чунки дастандаркорони ҳизб аз ҳеҷ чи як чиз сохта бо барномаҳои дурӯғини худ, хостанд тарафдорон пайдо кунанд. Бояд ошкоро эътироф кард, ки барои фаъолияти ҲНИТ ҳукумат дар давоми 20- сол шароити  хуби фаъолият муҳайё кард, майдони озодии таблиғотро  дод. Аммо ҳама худ диданд, ки  ин ташкилоти ҳизбӣ оқибат бар ивази ин ҳама имкониятҳои дода носипосиҳо намуд.

Бар замми ин  ҲНИТ тӯли чанд соли охир робитаро бо шабакаҳои байналмилалии терорристӣ пурқувват намуда, аллакай намояндагони худро дар сафҳои ҷангҳои Сурияву Ироқ дорад ва онҳо аз мактаби террористӣ гузашта истодаанд ва хоҷагони худро дилпур карда истодаанд, ки он мақсаду мароми ДИШро онҳо минбаъд идома хоҳанд дод.

Ин амали ноҷавонмардонаро онҳо баҳри он анҷом дода истодаанд, ки Тоҷикистонро минбаъд майдони корузори террористону экстремистон гардонанд.

Аммо мо ба як чиз мутмаинем, ки ҷомеаи тифоқи сокинони кишвар зери ҳимояи давлатанд ва имрӯз пуштибони ҳамаи мо Роҳбари дилсӯзу ғамхор, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд.

Мо як ҷону як танем. Ва намегузорем, ки шикасте ба кохии муҳташами Истиқлол расад.