Иззат Аммон, фориғутаҳсили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати умури хориҷаи Русия, номзади улуми сиёсӣ. Ӯ паёмномаи худро таҳти унвони “Ташкилоти Уруосиё; равандҳо ва ҳалли мушкилот” дар Академияи дастгоҳи Риёсати Ҷумҳурии Русия дифоъ кардааст. Дар айни замон, дар ҳамин Академия дар мақтаъи докторантӣ машғули таҳсил аст ва ҳамзамон раҳбарии ташкилоти ғайридавлатии “Маркази ҳимоя аз ҳуқуқи инсон”-ро бар ӯҳда дорад.

Иззат Амон тасмиме гирифтааст, ки ба хотири «беҳбудӣ» - и муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Русия шабакаи телевизиониеро боз кушояд, бо номи МИГРАНТ – ТВ. Иззат қайд кардааст, ки дар он давоми 24 соат аз шароити муҳоҷирони тоҷик дар Русия барнома пахш мешавад. Дар ҳамин асно дар шабакаи иҷтимоӣ хабар паҳн намудааст, ки мардуми тоҷик барояш дасти дуо бардоранд. Ин дар ҳолест, ки бо ин иқдоми хеш барои амали гаштани ҳадафҳои мухолифон саъй кардааст. Дар ҷавоби ин изҳороти Иззат Амон, Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стротегии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вокуниш ба тарҳи роҳандозии шабакаи телевизионии интернетӣ аз сӯи фаъоли иҷтимоӣ, Иззат Амон дар Русия, бо лаҳне ҳушдоркунанда хитоб ба ӯ гуфтааст: “Иззат! Изатти худ нигоҳ дор, то дар Амон бошӣ!” Боз дар идомаи сухани худ Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стротегии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз доштааст, ки «Агар аз муҳоҷирон ба манфиати террористон истифода барӣ, медонӣ, ки оқибат чист!”. Пас аз шунидани ин ҷавоб шояд Иззат девона гаштааст, ки даъво намуда гуфтааст: «“Террорист гуфта киро дар назар доред? Наход 2 миллион муҳоҷири бечораю бекасу бесоҳиб, барои шумо террорист бошанд?

Иззат Амон аввал ту бояд мақсадро хуб дарк намоӣ. Сайфулло Сафаров муболиғаи муҳоҷирони 2 миллион нафараро терорист наномидааст. Танҳо қайд кардааст, ки ба нақшагирии чунин  иқдом ва амали созии ҳадафҳои нопоки терористон бо воситаи муҳоҷирони тоҷик ба роҳ монда шавад, оқибати ин амалро ба ту нишон доданист.

Сарфи назар аз ин иқдоми пешгирифтаи ту, ки тарҳи роҳандозии шабакаи телевизиониро мақсад гузошт. Муболиғаро бинед, ки гӯиё ҳукумати кишварро иқдоми Иззат барошуфтааст ва Сафаровро беш аз он. Дар мавриде дигар, гуфтаниам, кимасъалаи ман ҷузъи мухолифин нестам гуфтани «ҷаноб»-и Иззат Амонро кӣ бовар мекунад. Чун дар боло зикр доштаст, ки дар Конфронси байналмиллалии САҲА, дар нишасти Варшава тавре худи Иззат қайд кардааст: «Аммо барои чӣ ин тасмим ҷаноби Сафаровро барошуфтааст, имкон дорад далелаш ширкати банда дар нишасти ОБСЕ дар Варшава бошад, он ҷо, ки мо бо мухолифин сӯҳбату саломалейкҳо доштем.»

Иззат худро фарзанди азизи ватанаш шуморидааст. То имрӯз тамоми кӯшишу тало шва хидматҳояшро ба ватан бахшидааст. Пас чаро имрӯз бо мухолифон ҳамрозу ҳамнишин аст. Ин сӯҳбату саломалейкҳоро метавон «махсус» қайд кард, зеро натиҷаи ин гуна сӯҳбату саломалейкҳо бо мухолифон, замоне миллати моро ба ҷанги хонумонсӯз оварда расонд.

Иззат ту фикр накун, ки тасмимоти ту ҳукумати кишварро барошуфтааст. Ин барошуфтаги ва нотавонии туст, ки даъворо алайҳи ҳукумат баракси ҳол карда истодаӣ. «Просто так» намондани ту таҳдид аст ё «хизмат ба ватан». Охир ту тамоми ҳаёт ба халқу ватан «хизмат» кардаӣ – ку!

То метавонӣ ва аз кадом минбар, ки нахоҳӣ сухан рон. Мардумони рӯи олам медонанд, ки Тоҷикистон дар қатори кишварҳои озоду ободи ҷаҳон то кунун муаррифӣ гардидааст. Ин сарзаминро хурду бузург медонанд ҳатто эътироф менамоянд, ки ин хок, хоки муқаддас аст ва мардумони муқаддас он ин арзишҳоро бод илу бо ҷон ҳмиоя мекунанд.

Абдуллоев Б.Б. – асситенти кафедраи А ва ИН