Ҳамаи мо хуб медонем, ки ба асари низои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғзистон санаи 14 то 17 сентябр дар баробари талафоти ҷонӣ даҳҳо хонаҳои сокинони наздисарҳадӣ осеб диданд.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал  корвони кӯмаки калони масолеҳи сохтмонӣ ва анвои хӯрданӣ ба мардуми зарардида расонида шуд.

 Бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳрҳои Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситоди бартарафкунии оқибатҳои ин фоҷеа таъсис ёфта, алҳол ҳашари дастҷамъона ҷиҳати сохтмони манзил бомаром идома дорад.

Дар ин амали хайр мисли дигар корхонаву ташкилотҳо ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолона ширкат доранд. Чуночи бо истифода аз рӯзҳои истироҳат бо иқдоми худи донишҷӯён бист нафар донишҷӯёни курси 2 ихтисоси 1-700201  Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, бо сардории сарпарасти гуруҳи академӣ Додоҷонов Хушдил Бахтиёрҷонович, дар хонаи ҳамкурси худ - Қосимов Субҳонҷон Абдуҳамитович, ки сокини ҷамоати Овчи Қалъача аст ва дар рафти муноқишаи марзӣ ҳавлии онҳо  зарари калон дидаааст, ба ҳашар рафтанд. Онҳо давоми рӯз дастҷамъона меҳнат карда, ба таҳкурсии хонаҳои нав замина гузоштанд.

Имрӯз бошад, чанде аз  донишҷӯён бо сарварии муовини директор оид ба тарбия Зариф Довудов озими деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара шуда, тайи се рӯз дар  бартарафкунии харобаҳои манзили мардуми ин деҳа саҳмгузорӣ менамоянд.