Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».  Воқеан ҳам ин омили даҳшатафзо кори гурӯҳ ё ташкилотҳое ҳаст, ки аз ин амалашон манфиате  хоҳанд дод. Суоле ин ҷост, ки саркардаҳои амалҳои ифротиву террористӣ чаро маҳз дини исломро маҳаки таблиғи манфиатҳои худ медонанд? Посух ин гуна аст, ки пайравони дини мубини ислом дар ҷаҳони муосир ба тадриҷ меафзоянд ва аз рӯи  мушоҳидаҳои коршиносон дар баробари эҳсоси динии шаҳрвандон таассуб ва хурофотпарастӣ низ миёни мусулмонон бештар зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, “хоҷагон” бештар такя ба мусулмонон мекунанд.  

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ҳар гуна падидаҳои номатлуб ин пеш аз ҳама сатҳи ноустувории шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас мебошад.

Пешгирӣ намудани ҷиноят нисбат ба ошкор кардани он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар аст.

 Ин мавзӯи доғи рӯз, ки тамоми ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба пешгирии ин ҳодисаи номатлуб байни мардум бисёр корҳои ташвиқотию тарғиботӣ рафта истода бошад, ҳам бархе аз ҷавонони мо фирефтаи молу чиз гардида, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ғайри қонунӣ шомил мешаванд. Мақсади ягонаи чунин гурӯҳҳо ба ватани тинҷу ороми мо халал расонида, ба харобию ноободӣ оварда расонидан аст. Аз ин лиҳоз мо бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, баҳри пешгирии он ҳаматрафа кӯшиш намоем, то ки нохалафон зиндагии осудаи мардуми кишварамон зарари худро расонида натавонанд. Бо ин мақсад дар тамоми соҳаҳои гуногуни кишвар корҳои фаҳмондадидӣ оиди пешгирии ҳодисаҳои терроризм ва экстремизм  гузаронида шуда истодааст. Вобаста ба ин мавзӯи доғи рӯз аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд дар ташкилоту корхонаҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Хучанд барои тақвият бахшидан ба мавзӯи зикр гардида, тарғиботу ташвиқот бурда истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро  нерӯи созанда ва ояндаи миллат шуморида, дар ҳар баромадҳояшон оиди  дастгирии ҷавонон истода мегузаранд. Ҳамаи шароитҳо барои таҳсили илм ва барои фароғатии ҷавонон  муҳайё мебошад, то ки онҳоро ҷалб намуда, аз роҳҳои ношоиста ва ғайриқонунӣ баргардонанд. Аз ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ҷавонон шукргузорӣ ва истифода намуда, баҳри омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар саъю кушиш намоянд. Зеро ҷавонон пешбаранда ва нигоҳдорандаи сулҳу субот дар ояндаи  Тоқикистони маҳбубамон мебошанд.  Имрӯзҳо баҳри пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷалб намудани онҳо ба саҳаҳои  варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва дигар корҳо бо маром иҷро шуда истодааст, ки то ҷавонони мо гумроҳ нагардида, ба корҳои беҳудаву оворагардӣ машғул нашаванд. 

Имрӯз тамоми саъю кӯшишро ба он равона кард, ки то шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб пешгирӣ карда шавад ва онҳоро ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳидоят намоем. Сари вақт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби ҷавонон, занон, олимон, зиёиён ва ходимони дин имкон медиҳад, ки ҷавонон аз оқибатҳои даҳшатноки терроризму экстремизм огоҳӣ пайдо намуда, аз шомилшавӣ  ба ин гурӯҳҳо канораҷӯйи намоянд.

Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо дар ҳар як ҷаласаву вохӯриҳо ба аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони минтақаҳои Тоҷикистон таъкид ба амал меоранд, ки бобати таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас диққати аввалиндараҷа дода, онҳоро ба омӯзиши илму маърифат, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳидоят намоянд. Ҳатто падарвор ба ҷавонон насиҳат мекунанд, ки тамоми имкониятҳои худро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, илму дониш, касбу ҳунар ва эҷодкориву ихтироъкорӣ диққати махсус зоҳир мекунанд. 

Ҳамаи мо кушиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем ва ба ҷомеаи ҷавонамон фаҳмонида тавонем, ки бо тақлидҳои кӯр - кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум аст, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, муқаддасоти динӣ ва дастурҳои  шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Бояд ҷавонон худ донанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баръакс мубориза бар зидди терроризм ва эстремизм ба хотири  ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конситутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои динӣ бо забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума ва дастраси мардум гардидааст. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони  Карим бо теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд.

         Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари сулҳдӯсту сулҳофар, пайрави арзишҳои демократӣ ва ҳамгироӣ шинохта шудааст, ки ин ба ҳамагон аён аст.

Пешвои миллат фикру ақидаҳои худро ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон борҳо аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар суҳбатҳо истода гузаштанд.

Мардуми Афғонистон барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор, бо таъриху тамаддун ва фарҳанги қадимаи худ ягон гуноҳе надоранд, таъкид карданд Пешвои миллат.

Он бадбахтиҳое, ки ба сари мардуми Афғонистон омадааст, ин ҳама натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ мебошад, ки онҳо бештар манфиати худро доранд. Ҳукумати Тоҷикистон ба қазияи Афғонистон бетараф нест ва мо ҷонибдори тезтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва ваҳдат дар ин кишвари ба мо ҳамсоя мебошем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд