Имрўз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад.

Шукри истиқлолият, ки дар ин даврон Тоҷикистон  аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт, миллати тоҷик бошад дар дар қатори дигар миллатҳо ҷойгоҳи амиқи худро дар байни миллатҳои дигари ҷаҳон пайдо  намуд.

Ношукрону носипосон, ин  қадар дар доми ҷаҳолату разолати наҳзатиҳо дарафтодаанд, ки чашмонашон ҳақиқатро намебинад. Дилашон нур надорад, саводи мактаби наҳзатиҳо то ба дараҷае эшонро сиёҳдилу бадтинат сохтаанд, ки хостаи онҳоро бечинну чаро иҷро менамоянд. Новобаста аз он, ки онҳоро дар дарёи пуртуғёни ҷаҳолат таҳрик менамоянд. Он қадар фирефтаву муртакиби фармони кабириён гаштаанд, ки сафедро аз сиёҳ фарқ карда наметавонанд. Яке аз ин носипосон мақолаеро дар шабакаи иҷтимоӣ паҳн кардааст, таҳти унвони «Кабирии роғунсоз». Боз он қадар муболиға кардааст, ки агар Кабирӣ бошад, дар шаш моҳи соли 2013 кори Роғунро ҷамбаст месохт ва лоиҳаи аҷибе дошт. Ман ба ин аҷибии ту ҳайронам, ки ба чунин суханони дурӯғин бо он ақли соддаат бовар кардаӣ.

Аслан, ҳар як пешравӣ, дастовард, муваффақияте, ки насиби мардуму миллату давлати Тоҷикистон мегардад, барои онҳо мусибат аст, мотам аст. Аз қаҳру ғазаб даруни хешро мехӯранду аламашонро аз қалам мегиранду аз саҳифаҳои иҷтимои дар “фейсбук”, “твиттер”, “ютуб” ва ғайра. Чунон чирк аз зери нохун меҷӯянд, ки худ дар он ғарқ мегарданд ва чун пайдо накарданд, пайи афсонабофӣ меафтанд. Барои таскини қалбашон мебофанду менависанду мехонанд. Ин бечораҳои ғариб, ки дар таҳхонаҳои заҳноки Олмону дигар кишварҳои аврупоӣ, бо чанд пайсаи барояшон партофтаи хоҷагон рӯзи торики худро то шаби аз он ториктар мерасонанд ва шояд ҳар лаҳзаю дақиқа дилашон дар ёди Тоҷикистон гум мезанад, ин суханон бошад аз ноилоҷу нотавонии наҳзатиҳост. Чи тавре, ки ҳоло корашон танқиду тақиди беҳуда аст, ана ҳамон афсонаи «роғунсозии Кабирӣ» низ танҳо дар лафз буду дар амал бенатиҷа. Ба куҷои он афсона бовар кардӣ. Аз ин хоби ғафлат бедор шаву ҳақиқатро бо чашми сару дил бубин, ки Пешвои миллат имрӯз хонадони моро бо нури Роғун фурӯзон кард. Дар умум афсонаи нақлкардаи Кабириро ба ҳақиқат табдил кард. Ин бадбахтони гумроҳшуда ва худбохтаро ҳатто боридани борону барф дар Тоҷикистон шод мекунад. Чанде пеш аз хунук задани ҳосили ангур дар Ҳисор “Ахбор.ком” он қадар табли шодӣ зада буд, ки ба гуфтан тасвираш мушкил аст. Касеро дар Тоҷикистон саг газид, нафаре аз хар ғалтид, хурсандиашон ҳадду канор надорад. 

Чӣ илоҷ? Муқтазои ин бечорагони дарбадар ҳамин аст. Ҳамеша дар хурсандии миллат мотам гирифтан. Тобу тавони дидани чеҳраи хандони тоҷикро надоранд. Зеро луқмаи нонашон аз интиқоди Тоҷикистон аст. Дастури охунди раҳбар доранд. Ба ҳеҷ минвол бояд дар хурсандии миллати худ шарик нашаванд. Онҳо бояд тоҷикро танҳо ва танҳо бо хоку хун олуда бинанд. Тоҷики орому осуда, бо давлати мустақилу озод барояшон лозим нест. Барои ҳамин ҳам “Паймони зиддимиллӣ” сохтаанд. То ҳар қадар, ки тавонанд дар чархаи рушду тавсиаи Тоҷики куҳанбунёд ва Тоҷикистони навину дунявӣ чӯб гузоранд. Вале ҳар дафъа чӯбашон мешиканаду тарошаҳои он чунон дар фарқи сарашон мезанад, ки моҳҳо ба худ намеоянд. На худу на хоҷагони ғаразҷӯяшон.

Инак дар Тоҷикистон чархаи нав ба гардиш даромад. Чархае, ки барои ҳар як сокини Тоҷикистон тӯй овард. Тӯйи пур аз нуру сафо. Чархае, ки бо як расидани сари ангушти мардонаи Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик кори НОБ-и Роғунро ҳусни оғоз бахшиду аз нури он чеҳраи ҳар як сокини Тоҷикистон шукуфт, нурборон гардид, камбуди барқ дар саҳфаҳои гузаштаи таърихи миллат боқӣ мемонад ва мо роҳ мегирем ҷониби фардои дурахшону ниронитар. Ин нур дили сиёҳи онҳоро ториктар хоҳад кард. Чашмони аз гиряҳои ғарибӣ хирагаштаашонро хиратар хоҳад сохт. Ва шояд ин қалбҳои сиёҳу залилгашта, қуввати бардошти ин рӯзи хушбахтии миллат, ин нури зиё, ҷонбахшу ҷонфизоро накарда бо фоҷиаи охирини умри худ рӯ ба рӯ шаванд. Рӯзи бадтарини ин бадбахтону кӯрдилон мешавад.

 

Маҳмудова Ф.М., номзади илмҳои техникӣ,

устоди кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт