Вазъи иқтисодии на танҳо ҷумҳуриии мо балки тамоми ҷаҳон имрӯз муташанниҷ гардидаву баъзе аз масъалаҳои дигар ба мисоли амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротгорою иртиҷоии терористон бо вуҷуди пешгирӣ намудан, вақтҳои охир каме авҷ ёфтааст. Ин ҳама сабаби он гардидааст, ки дар байни мардум,  ақидаҳои бемаънӣ пайдо гардида истодааст ва  ин масъала аз тарафи дигар боиси бекор мондани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷаи кишвар  шуда истодааст.  Ва маҳз ҳамин зуҳуроти номатлуб, ҳам ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳам ба мафкураи ҷомеаи ҷаҳонӣ халал ворид менамояд.

       Ягона ҳадафи нопоки чунин гурӯҳҳои ифротӣ ин аз байн бурдани давлатҳое, ки имрӯз соҳибистиқлол гардидаву мардумонаш озод ҳастанд, онро зери ҳадаф қарор дода, аз баъзе ҳолатҳои ногувори мамлакатҳо сӯиистифода менамоянд. Ва  мехоҳанд вобаста ба дини мубини ислом ҳарф зада, ба маъное, ки ақли инсонҳоро бо ҳар гуна  роҳҳо дуздида истодаанд. Ҳизбҳои экстремистӣ ва террористӣ  мехоҳанд ҳамеша мардумони соддафикрро ба доми олудаи хеш кашида эшонро ба фоидаи худ истифода баранд.  Маҳз барои ҳамин намояндаҳои онҳо дар маҳалҳо зери ниқоби дини мубини ислом  мардумро ба ҳар гуна амалҳои зидди инсонӣ даъват мекунанд.  Афсӯс,  ки  нафароне ҳам дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ки  ба мардумфиребӣ ё худ ба  доми чунин ҳизбҳо ё ин ки шахсони алоҳида меафтанд. Ба қавлу алфози дурӯғини эшон, ки гӯё дар давлати исломӣ  зиндагии аз ин ҳам орому осуда онҳоро мунтазир аст,  эътимод менамоянд, дар урфият як зарбулмасале аст, ки “шахси бегона ҳеҷ гоҳ хонаи моро обод намекунад”.

        Имрӯзҳо тариқи расонаҳои хабарӣ, аксаран вақт огаҳӣ пайдо мекунем, ки аз ин ё он манотиқи кишвар ҷинояткоронеро дастгир намуданд. Ҷинояткороне, бо тарғибу ташвиқи гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ машғуланд. Айнан ба мисоли ҳамин гуфтаҳо аксари ҷиноятпешагони роҳи терорро аз вилояти Бадахшон дастгир намуданд, ки асоси фаъолияти онҳо ғайриқонунӣ додугирифти лавозимоти ҷангӣ ва маводҳои мухаддир мебошад. Суоле ин ҷо ба миён меояд, ки лавозимот барои мардумони мо барои чӣ лозим аст? Шукр, ки дар Тоҷикистон фазои ободу озод ҳукмфармост. Пас барои чи ин силоҳу автоматҳои ҷангии боҳашамат. Дар амалиёти доду гирифти чунини нафарони ҷинояткор дасти киҳо мерасад, киҳо онҳоро зимни гузаронидани ин лавозимот аз сарҳад пуштибонӣ мекунад? .

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар зимни сафари кори дар ВМКБ аз ин ҳолатҳои ба амал омада, изҳори нигаронӣ намуда, дастур доданд, то дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят таъиноти кадрӣ ба роҳ монда шавад. Хосатан дар шаҳри Хоруғ, ин ҳама барои тинҷиву ороми миёни мардумони маннотиқи вилоят.

        Ин қарори Пешвои миллат, баъзе аз нафарони дар кори худ “масъулиятдор”- ро ба мисоли Давлат Мирзобековро ба ташвиш овардааст, ки дар ҳол бо мусоҳибон ба сӯҳбат омада, фаъоляташонро мавриди таъриф қарор додаанд, ки танҳо кадрҳои маҳаллӣ бо Хоруғиён дар умум бо мардумони вилоят забон як карда метавонанду халос. Вагарна ин таъиноти кадрӣ, ки аз ҳар гӯшаи кишвар ба мақомотҳо таъин мегарданд, баракс вазъият бадтар мегардад, гӯён худро сафед карда истодаанд. Ба фикрам ин нафар кадом кори то ҳол нимкора дорад ва барои пурра намудани он мехоҳад, ҳамон дастгиронаш сари вазифа истад. Ин чи тавр шудааст, ки ӯро генерал таъин намудаанд, аминам, ки ин вазифааш амри тасодуфи шудааст.

        Хоса ба ин нафарони худпараст гуфтаниам, ки бас аст, худхоҳиву мансабталошӣ ва миллатчигии шумобаринҳо, ҳамааш то ҳамин ҷо буд, акнун тамоми қарорро ҳукумати кишвар роҳандозӣ мекунад, зеро ин сарзамин танҳо як ному нишон дорад, ки номаш Тоҷикистон аст, новобаста аз кадом вилояту шаҳре набошад.

Маърифат Мавлонова,  

устоди   ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд