Мардуми саодатманду сарбаланди тоҷик бо сарҷамъиву муттаҳидӣ, андешаву тафаккури созанда, маърифати баланди сиёсӣ, фарҳангиву ҳуқуқии аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳову иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдати комил, амну суботи кишвар баҳри амалӣ намудани ғояи созандагиву бунёдкорӣ 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол гирифтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, чи хеле ки дар моддаи якуми Конститутсияи кишвар  омадааст, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати рӯ ба рушд мақому эътибори баландро соҳиб гардидааст.

Сохти давлати демократӣ яке аз маъмултарин низоми давлатдориест дар ҷомеаи ҷаҳони муосир. Омӯзиш ва таҳқиқи он ҷиҳати дарки дурусту мақсадноки ҳар як сокини мамлакат хеле муҳим ва саривақтист. Зеро, кишвари соҳибистиқлоли тоҷик низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин шакли давлатдориро тибқи конститутсияи хеш муайян намудааст. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи рушди низоми демократӣ барои фаъолияти озодонаи ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ шароиту имконияти баробар дода шуда, онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим доранд. Дар моддаи 8-уми Конститутсия қайд мегардад, ки “дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад”. Барои ноил гардидан ба фазои мусоиди демократӣ мардуми тоҷик имтиҳони сангинро паси сар намуда, талафоти зиёди ҷониву моддӣ ва маънавиву равонӣ дидааст, ки  таъсири он то ҳанӯз ба назар мерасад.

Раванди демократикунонӣ дар Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ ва давраи бозсозӣ оғоз гардид. Нишонаҳои аввалини демократия инҳо таъсис ёфтани маҳфилу созмонҳо ва  ташкилотҳои  ҷамъиятӣ  буданд. 

Бо таъсири қувваҳои беруна ва дигар ҳизбҳои навташкил байни ин созмону ҳаракатҳо оҳиста - оҳиста хусусиятҳои мухталиф пайдо шуд, зеро мардуми кишвар аз нигоҳи сиёсиву ҳуқуқӣ ба  низоми давлати демократӣ омода набуданд.

Демократия ҳокимияти халқро ифода мекунад, мардуми кишвар бояд ба ин омода буда, донишу мафкураи  баланди сиёсї дошта бошад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Демократия дар асл фарҳанги воло буда, одобу муоширати инсонӣ, ақлу фаросати сиёсӣ, донишу таҷрибаи  созандагиро фаро мегирад. Моҳияти давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ ҳам дар он аст, ки  бо демократия саҳлангорӣ кардан мумкин нест. Зеро демократия ҳокимияти қонун аст ва дар назди ҳамаи шаҳрвандон талаботи якхеларо пеш мегузорад” .

         Ба сохти давлатдории демократӣ омода набудани халқ дар оғози соҳибистиқлолии мамлакат  аз он сабаб буд, ки дар даврони давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми кишвари мо  танҳо иҷрочӣ буду бас. Ин нишонаи он буд, ки халқ ба баён кардани гуногунандешӣ,  бисёрҳизбӣ, ошкорбаёнӣ омода набуд. Дар натиҷа ҷомеаи кишвар роҳгумзада шуданду нафарони алоҳидаи хориҷ аз вазъ ба манфиати хеш истифода намуданд.

Баъди ҷанги таҳмиливу шаҳрвандӣ ҳаракату созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дарк намуданд, ки баҳри расидан ба сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ифтихори милливу ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ аз ҳамаи ҳадафҳои гурӯҳиву шахсӣ бояд болотар истад. Аз ин лиҳоз, барои сарҷамъиву муттаҳидии тамоми ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои динӣ, давлативу ғайридавлатӣ  Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон даъват ба амал оварданд, ки Аҳднома оид ба ризоият ва ҳамбастагии ҷамъиятӣ ба имзо расонида шавад. Ин иқдоми дурбинонаи Сарвари давлат аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятиву сиёсии мамлакат, ки  аз низоъҳои таҳмилӣ хаста шуда буданд, якдилона дастгирӣ гардид. Барои амалӣ намудани Аҳднома дар ҳайати намояндагони тамоми азҳоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд. Раисии ин созмонро худи Президенти мамлакат ба ӯҳда гирифтанд. Хушбахтона, Шӯрои ҷамъиятӣ рисолати хешро бомуваффақият иҷро намуда, тадриҷан ба як мактаби бузурги машваратӣ табдил ёфт ва  он дар тамоми зинаҳои мақомотҳои маҳаллӣ ташкил карда шуда,  то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад ва дар ҷаласаҳои он масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа баҳри рушду пешрафти ҳаёти кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор мегирад. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат дарк намудаанд, ки  Ватани моро ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад.

Дар Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддии демократӣ роҳандозӣ мегардад, ки нишонаҳои муҳими он интихоботи озод дар асоси бисёрҳизбӣ  ба шумор меравад. Интихоботи озод  имкон медиҳад, ки қувваҳои сиёсӣ дар сохторҳои ҳукуматӣ мавқеъ дошта бошанд.

Дар қатори ҳизбҳои қонунан амалкунандаи кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳз дар давраҳои ҳассоси кишвар бо дастуру ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарҷамъ намудани намояндагони тамоми қишри ҷомеа  таъсис ёфт,  имрӯз ба сифати як нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо тибқи ҳадафҳои барномавии худ талош меварзад ва бо бовариву эътимоди мардуми кишвар дар мақоми қонунгузории мамлакат мавқеи асосиро дорад.

 Ҳамаи ин таҳаввулот собит месозад, ки гузашти вақт мардуми кишвари моро ҳушдор намуд, ки ҳамқадами замони муосир ва барои расидан ба ҷомеаи воқеан, демократӣ маърифату фарҳанги баланди сиёсиву мафкуравӣ дошта бошанд. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне раванди қатъии бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ягона роҳи осоишта ва муносибест, ки сокинони Тоҷикистонро ба сӯи асри XXI ҳидоят менамояд. Ин роҳест, ки халқ интихоб намудааст ва ҳеҷ нерӯе ҳақ надорад, ки аҳли ҷомеаи моро  аз роҳи  интихобнамудааш боздошта, тарзи ҳаёт, ақидаю идеология, шакли рӯҳоният ё фарҳангу оини худро ба сари мардум зӯран бор намояд.

«Меҳвари дониш»