Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

     Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Шамсиддин Саидов, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадҷон Ғайратов (мулаққаб ба «Муҳаммад –таке», «Кабуд» ва «Абдураҳмон»), ки зодагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд ва даҳҳо нафар миллату ватанфурӯшон, ки замоне аъзои фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд,  мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

Аҳли ҷомеа чанде пеш аз асрори чор миллион доллар маблағи барои ташкили ҷиҳод ҷудонамудаи «бародарони эронӣ» ба ТТЭ ҲНИ бохабар шуданд, ки он мисоли ягона нест. Зикри ҳама амалҳои нопоку зиддиинсонии ин ташкилоти террористию экстремистӣ, хоинию ватанфурӯшии раиси ҳизб ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни он дар маҷмӯъ як китоб мешавад.

    Хулоса имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд.

    Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

    Одилхӯҷа Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд