Нишонаи олии мавҷудият, тафаккури баланд ва донишу фарҳанг –хоси инсонист, ки аз дигар махлуқот фарқ карда мешавад. Аммо дар замоне, ки дараҷаи илму маърифат ва тамаддуну маданият, ки ба дараҷаи баланд пеш меравад, хасму бадбинӣ ва носозиҳо байни ҷамъияти имрӯза ҳамагонро ба хавф андохтааст. Доир ба ин масъала ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла фидоиёни сулҳу субот барои барҳам додани монеаҳои ҷамъиятӣ, низоҳои байнисарҳадӣ ва камбудиҳои иҷтимоӣ кушишу ғайрат намуда истода бошанд ҳам, мухолифону ҷангҷӯёнро, ки мақсади асосиашон нафсонияту барҳам додан аст, ором нагардонидааст. Имрӯзҳо тоҷиконе, ки дар сарҳад зиндагӣ мекунанду қурбони хатарҳои бародаронаи қирғиз гаштаанд, шоҳиди бисёр зӯроварию талафот гардида истодаанд. Воқеаҳое ки аз моҳи сентябр ва октябри соли ҷорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал пайваст, мардуми шарафманди тоҷикро ба хавф андохт. Аз хабарҳои “Ховар” маълум гашт, ки ҳарчанде ин ду мамлакати ҳамсоя аз 25-уми сентябр ба тифоқ омада бошанд ҳам, амалҳои омодагии ҷангӣ ва таҳқир нисбати мардуми сарҳадии тоҷик аз тарафи шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назар расидааст. Аз ин маълум гардида истодааст, ки ин тифоқӣ на барои сулҳу субот аз тарафи ҷумҳурии ҳамсоя, яъне Қирғизистон, балки барои омодагӣ ба ҷангу мақсадҳои мухталиф мебошад. Пас барои чӣ он роҳбарону сарварони мамлакати ҳамсоя дар ин хусус орому бечорагӣ доранд. Ё онон низ аз кунҷе ба ин иғвоангезиҳою вазъияти ҷангҷӯйӣ нигоҳ карда, хурсанд мешаванд. Набояд ин масъалаҳо бе роҳбарият бошад. Дар сари ҳар як амале роҳбаре ҳаст. Аз ин амалҳое, ки дар омодагии ҷангӣ, аз ҷумла омода кардани камингоҳҳои оташфишонӣ, сохтани хандақҳо, идома додани интиқоли техникаи иловагии ҳарбӣ ва мунтазам вайрон сохтани оромии Тоҷикистон аз тарафи қирғизон ба вуқуъ пайваста истодааст, хулоса бароварда гуфтанием, ки ин худ далелли равшани нақшаҳои бадхоҳонаи Қирғизистон мебошад. Агарки мардуми ҳамсоя бо чунин мақсадҳои нохалаф зидди Тоҷикистон баромаданӣ бошанд, пас тоҷикон низ ҳеҷ гоҳ сарзамину амонати худро аз даст нахоҳанд дод.

Хирадмандии мардумони ваҳдатшиори тоҷик то ба дараҷае инкишоф ёфта аст, ки тамоми мушкилоти маънавию сиёсии миллатро маҳз бо иродаи қавию, матонату мардонагӣ бартарф мекунанд. Маҳз ҳамин хирадмандию ватандӯстӣ ва эҳсости масъулиятшиносии аҳли кишвар барои хомӯш намудани оташи ҷанг ва фароҳам овардани фазои озодӣ дар мамлакат нақши баландӣ инсонӣ мебошад. Тамоми заҳмат ва талошҳои пайгирона ва содиқонаи давлату Ҳукумати кишварамон хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кившар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои эҳёи давлати мутамддин ва соҳибистиқлол равона гардида ва чунин ташаббусҳои созанда то кунун вазифаи аввалиндараҷа ва меҳварии давлату миллат қарор дорад.

Мо бояд донем, ки асоси пояҳои ваҳдату сулҳи кишварро танҳо ақидаҳои ватандӯстона доштан, дар ҳаққи Ватан хизмати шоиста кардану содиқи ному нишони тоҷики тоҷдор  устувор мегардонад. Маҳз ба ҳамин хотир вазифаи ҳар як шаҳрванди худоогҳу ватандӯст ва ватанпараст аз он иборат аст, ки интихоби зиндагонии босаодат асоси ҷомеаи мутамаддинро инъикос мегардонад. Вазифаи  ҳар як шаҳванди худогоҳу меҳанпараст аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама Ватани худро дӯст дорад, арзиши онро пос дошта, эҳсоси масъулияти худро дарк намояд.

Тоҷикистон имрӯз дорои шароите мебошад, ки тамоми мардумонаш дар фазои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ зиндагонии хушу хурраму дилшод доранд. Тоҷикистонро барои ҳамеша аз дасти душманони бадбину бадкинааш бояд наҷот дод, зеро умри он бояд безаволу ному нишонаш бегазанд хоҳад буд.

Муллоусмонова Г.Ғ.

Устоди ДПДТТХ