Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Айни замон экстримизм ва терроризми зӯроварӣ ба рушди устувор ва ваҳдати байни миллатҳо дар ҷаҳон таҳдид мекунад. Ин талаб мекунад, ки якчоя кор карда, роҳҳои бартараф кардани онҳоро пайдо кунем.

Экстремизм - (аз калимаи франсузии «extremisme» ва лотинии «extremus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «terror») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Экстремизм бо дарназардошти характери глобалиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Афзоиши ҳаводиси ифротгароӣ боиси он шуд, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (аз 8 декабри соли 2003) қабул гардид. Баъдан дар асоси Фармони Президенти ҶТ аз 12 ноябри соли 2016 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016- 2020 тасдиқ гардид, ки дар он роҳҳои афзалиятноки мубориза ба муқобили ин хатари манфии иҷтимоӣ мушаххас карда шуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистй мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динй-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан- Нусра», «Гурӯҳи-24», Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунй эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.

Сабақи ҷанги шаҳрвандии кишварамон бори дигар ҳамаи моро тақозо менамояд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон минбаъд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Пешвои миллат, сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гарданд ва баҳри ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон талош варзанд.

Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам,

Тоҷикистони ҷавону дилбарам.

Мисли тифле дӯст медорам туро,

Аз ту ояд бӯйи шири модарам.

Аюбова Фарида, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд