Оид ба ниятҳо ва амалҳои Раёсати шӯрои олӣ ва аъзоёну ҷонибдорони ҲНИ хело зиёд ибрози назар кардаам, аммо ҳоло ҳам ба мушоҳидаи ман идеология, яъне зарари мафкуравии онҳо аз ҷомеа ва аз байни ҷавонон ҳоло тамоман решакан нашудааст. Барои ба даст овардани муваффақият дар роҳи пешгӯи ва оҳиста – оҳиста аз байн бурдани тафаккури заҳролудшудаи наҳзатиён, ки ҳоло дар байни ҷомеаи мо пинҳонӣ амал карда истодаанд, бояд ҷомеаи мақомотҳои давлатӣ, қудратӣ, идеологӣ, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олӣ, коллеҷҳо, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ҳатто боғча яслиҳо ба тарзи муташаккилона, доимо аз ҳисоби донандагони хуби арзишҳои миллӣ, тамаддун ва таърихи миллат, забон, маданият, адабиёт ва фарҳанги миллату дину оинҳои ин, ҳайати доимоамалкунандаи тарғиботчиёнро омода ва роҳандозӣ намоянд, то дар корӣ фаҳмонидани худшиносиву хештанпарастӣ, ақлона шинохтани арзишҳои милливу динӣ, арҷ гузоштан ба гузаштагони сазоворамон дар байни аҳли ҷомеа ва махсусан ҷавонон мунтазам баромад намуда аз хатарҳои ҷонкоҳи идеологияи заҳролудшудаи наҳзати исломӣ, хатари ҳуҷуми идеологияи ғарб бо номи ташкили давлати исломӣ (бо ин шиори дуруғин имрӯз ғарбиён ва ғосибон тавонистанд, ки ҳазорҳо ва ҳазорҳо мусулмононро қатл намуда, зану фарзандони онҳоро хору залил гардонанд), мунтазам дар тамоми ҷабҳаҳои тарғибот ҳам дар рӯзномаву маҷаллаҳо, ҳам дар садову симо, ҳам дар мактабҳои оливу миёна, баромади илман асоснок намуда, ҷомеа ва ҷавонони мӯҳтарами кишвари азизамон Тоҷикистонро огоҳ созанд. Имрӯзҳо хоҷагон ғарбиву шиамазҳабашон роҳбарони ҳизби наҳзатиро дар зери қанотҳои ғоибонаву маккоронаи худ пинҳон кардаанд, ки онҳо гоҳ – гоҳе аз он зери пари мусулмонкуш берун шуда, ба аҳли башар тавассути воситаҳои ахбори умум баромад намуда санги маломат ба рӯйи миллати ман мезананд, ки ман шахсан инро қабул карда наметавонам. Ман доимо тамоми рӯзномаву маҷаллаҳои дохилу хориҷиро мутолиа менамоям ва хулосаи мантиқии худро бароварда ба хулосае омадам, ки тамоми ҷаҳони ғарб бо сарварии Америкаву Англия ва ҷаҳони шарқ бо найрангҳои пасипардагии Эрону Арабистони Саудиву Туркия, ҳама ниятҳои нопок дошта, Америкаву Англиия гӯё, ки онҳо ҷонибдорони исломанду ҷонибдорону пайравони онҳоро қадр менамоянд, аммо дар асл сарвари Ироқро ба дор кашиданду сарвари Ливияро пеш – пеши пояшон чун туби футбол бозӣ доронданд: - «ин аст ҷаҳони исломро дӯст доштани ғосибон». Эрони ҳам фарҳангамону Арабистони Саудиву Туркияи мусулмонӣ барои ҳадафҳои нопоки хеш қариб дар ҳамаи давлатҳои мусулмониву мусулмоннишин барои ҳадафҳои давлати хеш ба қатли мусулмонҳо бераҳмона пардохтаанд. Мисоли хело имрӯзаи он қатли хело зиёди мусулмонҳо дар Сирия. Мардуми тоҷик ва махсусан ҷавонони ғаюри баномуси миллат бояд донанду дарк кунанд, ки ягон давлати бегона ва миллати бегона барои мову Шумо ғамхор набуду нест ва агар худашро барои Шумо ғамхору мунис нишон диҳад донед, ки дар ботинаш ниятҳои нопок ва ҳадафҳои зарароварро пинҳон нигоҳ доштааст.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Милли – Пешвои Миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон мудом иброз медоранд, ки “террористу терроризм на миллат дораду на ватан” – ин суханони орифонаи сарвари давлати тоҷикон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо бояд махсусан ҷавононро зарур ва ҳатмист, ки ба суханфурӯшиву исломдӯстдории наҳзатиён бовар накунем, мо ҳама шоҳид ҳастем, ки чанд қадар оилаҳои тоҷику тоҷикистониён ба тарғиботҳои дурӯғини онҳо бовар карда ҷони азизи худро дар мамлакатҳои бегона аз даст додаанд. Чи хеле, ки М. Иқбол мегӯяд:

 

Яке бингар фаранги каҷкуллоҳон,

Ту гуйи офтобонанду моҳон.

Ҷавони соддаи ман гармхун аст,

Нигаҳ дораш аз ин кофарнигоҳон!!!

 

Маро шукр гузории ин миллату ин давлату ин Сарварро хушбахттарин мардуми олам мегардонад.

 

Акбаров Акбар,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ