Имрӯзҳо ҷомеаи мо бо ворид гардидан ба марҳалаи ҷаҳонишавӣ бо хатарҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ин хатарҳо на танҳо ба амнияту суботи кишварҳои алоҳида, балки ба ҳамаи давлатҳои курраи замин новобаста аз дину мазҳаб таҳдид мекунанд. Коршиносон ва сиёсатмадорон як қатор омилҳоро сарчашма ва заминаи афзоиши терроризм ва экстремизми динӣ, яъне падидаи хавфноки замони муосир меҳисобанд.

Пеш аз ҳама, ин омилҳо, шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҷараёнҳои экстремистии динӣ, афзоиши ақидаи фундаменталистӣ дар байни онҳо ва тағйир додани мафкураи ҷавонону наврасон мебошад.

Дар ҷомеъа ба пастравии руҳияи ҷавонон аз ниҳодҳои салоҳиятдор яъне, таъмин ва тарғиби ҳаёти солим, арзишҳои суннатии ахлоқию мазҳабӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиятӣ, бетарафӣ зоҳир намудани ҷомеа, хосса аҳли илму фарҳанг, устодон, волидайн ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Дар натиҷаи камфаъолиятии аҳли ҷомеа, оила ва мактабу маориф дар зеҳни насли ҷавон дар даҳсолаҳои охир холигӣ ба вуҷуд омада истодааст, ки метавонад, ин холигиро ҳар гуна мафкураи идеологияи ҷадид пур кунад.

Тарғибгарони ақидаҳои экстремистӣ аз васоитҳои муосири иттилоотӣ, интернет ва хосса шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоянд, ки хавфи бештареро дар ташаккули ақидаҳои экстремистӣ дар байни ҷавонон шароит фароҳам меоварад.

Бо роҳҳои тарғиби фикри солим ақидаҳои зарароварро шояд маҳдуд карда тавонем, аммо раванди ҳиҷрат ва муҳоҷирати ҷавонон бо сабабҳои гуногун ба кишварҳои дигар падидаи идоранашаванда гардидааст.

Солҳои охир аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастаанд, аз тариқи муҳоҷират бо онҳо иртибот пайдо кардаанд. Тибқи оморҳои расмӣ, ба ин гурӯҳҳо асосан ҷавононе, ки дар оғози роҳи зиндагии мустақилона қарор доранд, шомил гардидаанд, ки ин хеле ташвишовар мебошад. Таркиби синнусолии ҷавонон, ки ҳамчун узви ин фикру ақидаҳо ба қайд гирифта шудаанд, чунин аст: аз 17 то 19-сола 39 нафар, аз 20 то 25-сола 696 нафар, аз 25 то 30-сола 917 нафар, аз 30 то 35-сола 367 нафар ва аз 35 то 40-сола 424 нафар.

Тибқи ин маълумотҳои дар боло овардашуда, беш аз ҳама ҷавонони аз 25 то 30-сола ба ин равияҳо ҷалб шудаанд. Аз рӯи тадқиқотҳои психологҳо бармеояд, ки инсон дар ин марҳилаи синнусолӣ хеле ҳассос мебошад. Қувваи зиёди ҷисмонию рӯҳониро дар худ эҳсос менамояд ва мехоҳад, ки онро дар ҷое истифода кунад. Вақте ки мо ин неру ва қувваи ҷисмонию рӯҳонии ҷавононро ба самти лозимӣ, ба манфиати ҷомеа ва бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии худи онҳо масраф карда наметавонем, бо чунин падидаи нодуруст рӯ ба рӯ мегардем.

Мувофиқи омори расмӣ то сентябри соли 2018 шумораи ҷавонони ба сафҳои созмони террористии давлати исломӣ ҷалбшуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин, оилаҳои зиёде бо роҳҳои гуногун ба ин созмонҳо ҷалб шудаанд ва имрӯз дар Сурияву Ироқу Афғонистон ҳастанд. Ин хонаводаҳо ба кушта шудани саробонашон дар ҷангҳо дар кишварҳои бегона сарсону саргардон ҳастанд.

Бояд қайд намуд, ки айни замон масъалаи хатарҳои экстремистию террористӣ ба як мушкилии глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Имрӯз ягон давлати курраи замин аз ин хатарҳо дар канор монда наметавонад.

Инсоният барои аз байн бурдани ин падидаи хатарнок бояд роҳу васила ва имкониятҳои мавҷударо муташаккилона, ҳадафмандона ва бо самар истифода барад, ва ин хатарҳо бояд беш аз ҳарвақта ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳам муттаҳид созанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири иштироки фаъолона дар самти мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солои 2016-2020”-ро таҳия ва қабул намуд. Тибқи ин барнома тайи чанд соли охир, дар кишвари мо байни ҷомеа корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷа нафарони зиёди гумроҳ аз сафҳои гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин раванди шомилшавии ҷавонон ба ин созмонҳо пешгирӣ шуда истодааст, ки ин воқеан натиҷаи амалии барномаи мазкур аст. Мувофиқи оморҳои расмӣ ва дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ 175 нафар шаҳрвандони кишвар, ки ба ҷодаи гумроҳӣ афтода буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2018 дар маҷмӯъ 75 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуд, ки ин натиҷаи амалии фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар аст. Барои боз ҳам босамартар гардидани раванди амалисозии барномаи мубориза ба муқобили экстремизму терроризм ҳамкории бештари мақомоти дахлдор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст. Ин ҳамкорӣ бояд мақсаднок, самаранок ва амалишаванда бошад. Чунки масъулияти бехатарӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвару ҷомеа дар баробари ниҳодҳои давлатӣ инчунин бар дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар низ мебошад.

Абдуллоева Ҳ.Р.,

муаллимаи кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идораи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд