Терроризму экстремизм  ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиаборро ба бор оварда истодааст. Аз ин рӯ, таъмини сулҳу субот ва амнияти кишварҳо вазифаҳои калидӣ ва муҳимтарин ба хотири рушди устувор дар сатҳи минтақавии байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаҳои охир бо сабаби харобкориҳои ҳизбу ҳаракатҳои  тундрав дар кишварҳои Шарқи наздик  ва миёна, аз ҷумла, Сурияву Ироқ, Тунису Яман, Афғонистон ва мамолики дигар садҳо ҳазор одами бегуноҳ ба ҳалокат расиданд ва миллионҳо нафари дигар сарсону саргардон тарки манзили зист ва ватани худ карданд.

         Ҳадафу мақсади асосии гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ноором кардани давлатҳо ва куштани мардуми бегуноҳ мебошад. Ин ҳолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ба амал омад, ки хисороти зиёди моддиву маънавиро дар пай дошт ва дар ин кор дасти гурӯҳи ифротгарон ТТЭ ҲНИ, ки аз тарафи хоҷагони хориҷиашон дастгирӣ меёфт, амалӣ гардида буд. Ба Тоҷикистони азиз зарбаи ҷонкоҳе зада шуд, ки даҳшати он то ба имрӯз  фаромӯш нашудааст ва фикр мекунам, ки мардуми солимфикри тоҷик ҳаргиз он воқеаҳоро фаромӯш нахоҳад кард.

Тавре Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид карданд: «Бо назардошти сабақҳои талхи солҳои 90-ум ман шаҳрвандони кишварро доим  хушдор медиҳам, ки ҳамеша хушёр бошанд, сиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар ғафлат намонанд. Зеро солҳои охир дар натиҷаи то рафт густариш пайдо кардани фаъолияти гурӯҳу ҳаракатҳои экстиристиву террористӣ вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу печида ва мураккабу пешгӯинашаванда гардидааст, ки ягон кишвар кафолатиэмин монданудар канор будан аз ин раванди хатарнокро надорад».

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, мардуми тоҷик баҳри боз ҳам вусъат бахшидани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт садоқатмандона меҳнат мекунанд. Обрӯю нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд  дар сатҳи байналмиллалӣ боз ҳам баланд мегардад.

Омили дигари пешрафти Тоҷикистон бомаром ҷараён гирифтани корҳои ободонию созандагӣ дар иншооти аср – Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ба истифода додани ду чархаи он ва ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёфтани  мамлакат мебошад. Вале барои душманону хиёнаткорони миллат, аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ ва пайравони он ҳамаи ин дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хорест ба чашм.

 Онҳо бояд бидонанд, ки Тоҷикистон дигар он кишвари бесуботи солҳои 90-уми асри гузашта нест. Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишвари қудратмандутавоно табдил ёфта, сохторҳои низомии он ташаккулёфтаю мустаҳкам мебошад ва ҳеҷ нерӯи аҳриманӣ ба он зиёне расонида наметавонад.

Аз ин рӯ, имрӯз тамоми кишварҳои ҷомеа бо меҳнати софдилона пайи ободкорию созандагӣ буда, аз сиёсати сулҳпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.

 

 

Исмоилова С.К., устоди ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ