Агар ба таърихи Тоҷикистони азиз назар кунем, зуҳури экстремизм аз солҳои 90-уми асри гузашта оғоз ёфтааст. Вазъияте, ки дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ ба вуҷуд омад – фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, буҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ, паст шудани сатҳи зиндагии мардум, зиёд шудани бекорӣ, коста шудани таъмини амнияти миллӣ, ки идора намудани он аз тарафи ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ душвор гардид, боиси ба вуҷуд омадани зуроварӣ ва таҳдид дар ҷамъият шуд.

Аз ин ҳолати мувофиқ истифода бурда,  барои вайрон намудани Ҳукумати Ҷумҳурӣ  намояндагони гуруҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ кушиш намуданд. Яке аз омилҳои зиёд шудани радикализм ин зиёд шудани ҷавонони камсаводи динӣ мебошад, ки гуруҳҳои террористӣ ин ҷавонони ноогоҳро ваъдаҳои калон дода, ба худ ҷалб намуданд. Дар ин ҳол терроризм дар байни ҷавонони каммаълумот бештар шуда, миқдори ҷавононе, ки дар муассисаҳои динии кишварҳои бурунмарзӣ маълумот мегирифтанд, зиёд шуданд. Коршиносон мешуморанд, ки яке аз омилҳое, ки ҷавононро ба чунин роҳ рафтан маҷбур кард, ин нобоварӣ ба ояндаи худ ва давлат мебошад. Масъалаи дигаре, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад, ин муҳоҷирати меҳнатӣмебошад. Вазъияти ҷаҳон, ки ба ҳолатҳои иҷтимоӣ ва сиёсии ҳамаи давлатҳо таъсир расонида истодааст, даҳҳо ҳазор нафар одамонро муҳоҷири меҳнатӣгардонидааст. Махсусан, баъзе ҳолатҳои муҳоҷирати меҳнатӣ  дар солҳои сипаришуда чунон ба монеаҳо  ру ба ру шуд, ки эҷоди хавфу хата рва дигар таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ шудааст.

Баъзе ашхосон дар зери маҳфуми муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлатҳои хориҷа бо гузаронидани омузишҳои гуруҳҳои ифротгароӣ машғул гардида, таҳдидҳои навро ба вуҷуд меоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин корро зиддиқонунӣ ҳисобида, ҳадафи асосии худро мубориза бо ин амалиёт меҳисобад ва доим чораҳои мушаххас меандешад. Аз таҳлилҳои солҳои гузашта бармеояд, ки  баъзе аз ҷавонон ба Федератсия Русия рафта, бо нигоҳ ва тафаккури ифратгароӣ ва танқидӣ ба Ватан бармегарданд, ки нисбати ин масъала низ ҳукумат тадбирҳои зиёде андешида истодааст. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки ин сабаб ба доми гуруҳҳои ифротӣ фаромадани ҷавонон мебошад.

 Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳо, ҳукумати Тоҷикистон дарк намуд, ки роҳи барҳам додани терроризм танҳо дар сурате имконпазир аст, ки дар кишвар субот ва ризоияти мутақобилаи байни тамоми қишрҳои аҳолӣ таъмин карда шавад. Бо дарназардошти ин ниёзҳои хоса дар баробари муборизаи муштарак бо террористон оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаҳо тавассути муколамаи сиёсӣ кори зиёде анҷом дода шуд.

 

Дилафрӯзхон Саидхоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд