ВАТАН, ки макони муқаддаси аст, зарраи хоки поки онро ҳифзу ҳимоя мебояд, зеро қарзи фарзандии мост то онро аз дасти хоинон эмин дошта бошем. Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои хешро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ  ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона арзи ҳастӣ менамояд, ки аз ваҳдату якдилии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад.

Барои марудми халқи тоҷик сабақи таърихии солҳои 90-уми асри сипаришуда то ҳол асари хешро дар хотираашон боқӣ гузошта, бошад ҳам имрӯз барои ояндагон, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон зиндагӣ доранду сарбаланди аз Ватани обод мекуаннд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти ғайрисозанда, иғвоангезанда ва ғаразҳои таҳрибкоронаи бархе аз мардуме ба қавли ношукурбандаҳо аз ҷониби тамоми ҷавонон маҳкум карда мешавад, зеро касе, ки ақли расову маънавиёьти баланд бошад намехоҳад, ки вазъияти кишвараш муташанниҷ гардаду зиндагонии оилашон ба сарсони табдил гардад. Бояд як нуқтаи асосиеро зикр кунам, ки  фаъолияти носозгори    дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро мардумоне, ки барои бурдаи нон дар навбат меистоданд ва он модароне дар ҳасрати ҷигарбандони гумкардаашон ғам мехӯранд ба ҳеҷ ваҷҳ зи хотираҳо зудуда намесозанд, зеро фаъолияти амалҳои ифротгароёнаи баъзе аз нафарони хиёнаткор имрӯз низ боиси ташвиши ҷомеаи муосир гаштааст.

Аслан то кунун барои ҳамон хоинон нафратам меояд, ки сарфи назар аз хоину ҷосуси миллат будан онҳо фарзанди ин диёр буднаи худро андеша накарданд. Фарзанди модари тоҷик будани худро тандеша накарданд. Боре ҳам фикр накарданд, ки агар қасди онҳо ба давлату миллат бошад, ҳам дар ин нобасомониҳо ҷони модару ҳамсару фарзанду бародару хоҳаронаш низ ба дард омад, сарсон шуданду хонавайрон.

Маҳз ба ҳамин хотир аз ҳамаи Шумо шаҳрвандони баору номус ва сарбаланди халқӣ азизам Тоҷикистон хоҳишмандам, ки ба Ватани худ ба сарзамини зебоманзари худ ба кишвари соҳибистиқлоли худ ҳеҷ гоҳ хиёнат накунед. Ягон сабабе дар кишвари мо нест, ки боис ба хиёнат шуда бошад. Ба ҷои он ки ташаббусҳои созанда аз ҷониби  он ҷавонмардоне, ки имрӯз миллат ба эшон ниёз дорад ба нафъи миллату давлат амалӣ гарданд, амалҳои ноҷавонмардона ва ношоистаи аъзоёну пайравони хоҷагони беруна дар дохили кишвар, даъвоҳои беасоси онҳо на танҳо дастгирӣ ва пайравӣ наёфтанд, балки боиси маҳкумӣ аз ҷониби ҷомеаи имрўзи кишвар ва берун аз он гардиданд.

Агар ҳамиа мардлумони ваҳдатшиори тоҷӣк барои ободонии кишвар талош намоянд, ақӣдаҳои созанда ва банёдкоронаро роҳандозӣ намуда, устувори ипояҳои давлати соҳибистиқлолро таъмин намоянд пас Тоҷикистон ҳамеша дар ҳоли рушду нумӯъ қарор гирифта умраш безаволу ному нишонаш асрҳои аср боқӣ хоҳанд монд. Моро мебояд, ки бо шукргузорӣ аз чунин Ватани обод ҳамеша талоши меҳанпарастию масъулиятшиносӣ намуда, қарзи шаҳрвандии худро дар назди он адо намоем.

Замира Махкамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд