Таҷрибаҳои таърихии асри гузашта, миллат ва мардуми тоҷикро водор месозад, ки барои эмин доштани Ватани муқаддас ва манфиатҳои милливу шахсии худ, заҳмат кашанд, хизмат кунанд. Бояд қайд кард, ки дар даврони ба мустақилият баромадани кишвари замоне ҷангзадаи тоҷик ба бисёр комёбиҳову дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Албатта шараф бар миллати бегазанд ва мардуми сарбаланди кишварамон, ки ҳамаи он мушкилоти сиёсии солҳои 90 – умро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ паси сар намуданд. Басо хуш аст, ки хиради волои мардумон тешае буд, ки решаи душманонро бармеканд. Ҳарчанд, ки онҳо сахт азоб кашиданд, ҳарчанд талафоти ҷонӣ хеле зиёд буд, вале мардумон боиродаи қавӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ оқибатҳои он нотинҷию ҷангу ҷанҷолро бартараф намуданд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ҳамин амалҳои кӯрдилон ба онҳо имкон доданд, ки зиндагиашонро дар Тоҷикистон идома диҳанд, албатта ин иқдоми башардӯстонаву ватанпарваронаи сарвари давлат буд. Ин ҷанг ва ин нобасомониҳо бевосита амалу андешаҳои ифротии наҳзатиҳо буд, ки ягона ҳадафи онҳо таи 30 – сол аст, ба сари ҳокимият омадану миллати соҳибистиқлоламонро ба кишвари ҷангзада табдил додан аст. Аммо ҳамеша пеши роҳи амалҳои терористонаи наҳзат агоҳӣ ёфта бартараф мекунанд. Ҳамаи мо мардумони шарафманду ваҳдатшиори тоҷик хуб дарк мекунем, ки қувваи солим дар кадом ҷониб қарор дорад. Ба ҳамин хотир ба ҳамаи наҳзатиёни хоину нотавоноии таъкид менамоям, ки бояд ба ҷои тарғиботҳои бегонапарастиатон барои ободии ақалан хонадонатон ташаббус кунед. Охир аз ин дилозори бароетон чи суде буд. Аз дилозорон Худо безор гуфтаанд. Ҳамаатон оид ба дину мазҳаб “бисёр” эътиқод доштед – ку! Шумоён барои Ислом чунин амалҳоро иҷро кардани будед – ку! Куҷост он ҳама “исломдонӣ” – атон, ки инқадар иғвогарона амал мекунад. Дар дини мубини Ислом зулми мусалмон ба мусалмонро раво намебинанд. Чаро инро дарк намекунед.

         Мо ҳама барои ояндаи Тоҷикистони азизамон хеле талош кардаем ва минбаъд ҳам роҳи рушду тараққиёти онро ҷустуҷӯ намуда, нисбат ба пойдориву ҷовидонии Тоҷикистон бетарафи зоҳир нахоҳем кард .

         Хоинону носипосонро бахшидему хато кардем, чун онҳо аз худ рафтанду дубора хостанд, дар миллатамон ҷангу хунрезиро миёни мардумон оғоз намоянд. Аз сухангуиҳову иғвобарангехтанҳои онҳо бармеояд, ки ҳатто онҳо Истиқлолияти давлатии моро чашми дидан надоранд. Ба хотири ҳимоят аз ҷони худ ва фармондеҳонашон дигар чизерову касеро дидан намехоҳанд. Албатта замони муосири миллӣ равандҳои ба ҳамомезии тамаддунҳои башариятро фаро мегирад. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик ҳам бо ҳисси баланди худогоҳии миллӣ барои аз ҳар ҷиҳат пешрафта гардидани диёри азизамон роҳу равиши махсусеро касб кард, ки ба хотири пояҳои устувории сулҳу ваҳдати тоҷикон заминаи мусоиди миллию маънавӣ мегузорад.

 Бахтиёрзода Муҳаббат, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд