Хираду заковат ва маънавиёти баланди миллати тоҷик аз азал барои матамоми марудми рӯӣ олам худ дарси ибрат буд. Ҳамаи мо аз таъриху ниёгон хуб дар ёд дорем, ки гузаштагони миллати тоҷик ва аҷодони ориёиҳоро чи гуна ашхосони барӯманду соҳибмаърифат ташкил медоданд. Бале, инсоният дар тӯли таърих, дар кадом шароите, ки зуҳур накарда бошад, дорои нишонаҳои ахлоқии худ буд. Бояд гуфт, ки ахлоқу одоби ҳамидаи дар ҳар давру замон барои ҳастии инсоният намудани хислати беҳатарин ба ҳисоб рафта онро асосии арзи вуҷуди инсони комил меҳисобиданд. Маҳз ҳамин дараҷаи баланди ахлоқпарастиву инсондӯстии аҷдодони ориёиамон буд, ки аввалин ва бузургтарин китоби таърихи инсоният «Авесто» низ пеш аз ҳама ба тарбияи ахлоқии инсон бахшида шуд. Шиори авестоии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек», ки беш аз се ҳазор сол пеш баён гардидааст, то кунун ҳам ҷавҳари тарбияи ахлоқиву муҳити маънавии инсонҳост.

Дар китоби зикршуда, ки асоси ҷавҳари онро тарбияи неку адолати ҳақиқӣ ва росттинати ташкил медод, маънии хуби зиндагонии башариятро дар ҳаёт инъикос менамуд. Вобаста ба ин аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҳадафи таълимоти донишмандон дар соҳаи тарбияи ахлоқии инсон, маҳз дар ниҳоди ӯ ҷо намудани пиндор, гуфтор ва рафтори нек буду минбаъд низ чунин хоҳад монд.

Моро мебояд, ки аз ин дастури пурқиммати ниёгонамон дар таълиму тарбияи насли наврас ва ба шароити замони муосир мутобиқ намудани он қарзи ҳар як шаҳрванди маърифатпарвар мебошад. Дар раванди тарбия бояд тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсон – омӯзиши сифатҳои шоиста, одобу рафтори муносибат, аз ҷумла одоби муошират дар ҳамагуна ҳолатҳо, чи шахсиву чи ҷамъиятӣ фаро гирифта шаванд.

Одоби муошират ва хушсухании ҳар як фард ин омилли рушди тафаккури ӯст. Яке аз хислатҳои ҳамидаи инсони тарбиягирифта ва хушахлоқ бешак одоби муошират ба ҳисоб меравад. Қисмати муҳимтарини одоби муширатро бошад, ахлоқ ташкил медиҳад. Ахлоқ худ ҷиҳати луғавӣ маънои «хулқ»-ро ифода намуда, маънои рафтору кирдор, одату сиратро дорад. Одоби муошират маҳз ба ҳамин гуна тасаввуроти ахлоқии инсон асос ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир дар баробари муоширати бевосита, яъне вохӯрии инсонҳо муоширати бавосита низ роиҷ аст. Онҳо дар баробари вохӯриву сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ бо истифода аз таҷҳизоти техникӣ, аз қабили мактуб, телефон ва Интернет низ бо ҳам муошират менамоянд.

Ба ин васила муошират дар ҳаёти инсонҳо як амали хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки ибораи «Ҳаёт ин муошират аст» хеле маъмул гардидааст. Одамон тариқи муошират ахбори тоза мегиранд, воситаи беҳтар сохтани кору бори зиндагиро аз худ мекунанд, арзишҳои баланди ахлоқиву фарҳангиро омўзанд.

Таълимоти Арастуро дар бораи ахлоқу одоби муошират дар асрҳои миёна дар сарзамини Машриқ Абунасри Фаробӣ, Абуалӣ ибн Сино, Унсурулмаолии Кайковус, Нариддини Тусӣ, Ҷалолиддини Давонӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар муттафакирони бузург низ хеле васеъ баён намудаанд.

Абунасри Фаробӣ чунин меҳисобад, ки омўхтани илм бе сайқал додани зеҳн ва такмили ахлоқ ғайриимкон аст. А. Фаробӣ бар ин ақида аст, ки аҳли ҷомеа бояд бо ҳамдигар ва бо сарвари ҷомеа муошират ва муносибати меҳрубонона дошта бошанд.

           Муттафакири бузурги тоҷик Абуалӣ ибн Сино ақида баён намуданд, ки дар такмили инсон нақши таълим ва тарбия хеле муҳим аст. Аз тариқи тарбия кўшиш ба худшиносӣ ва касби камол ё худтакмилдиҳӣ роҳҳои асосии рушди ахлоқии инсон мебошанд.

              Умуман, муттафакирони ҳар давру замон риояи одоби муоширатро ҷузъи муҳими ахлоқи ҳамида ва ҷавҳари зебоии инсон маъниндод ва эътироф намудаанд. Аз ин ҷиҳат имрўз зиёну ояндагон бояд дар ҳама ҳолат ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ такя намуда, зиндагии худро рангину гуворо созанд. Тўшаи ин гуна ҳаёт барои инсон бешак хулқ, ахлоқ, ободи баланди муошират мебошанд.

        Сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангӯии кас доираи васеи фикронии гӯянда маълум мегардад.

      Каломи инсоният беҳтарин ва қимматтарин алфози нуҳуфтаи ӯст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо диҳад, гӯяндаашро машҳур мегардонад. Сухани беҷою бемаврид бошад, дилхарош аст. Сухани дурушту ноҷо метавонад наздикону пайвандони ба дилу ҷонро рӯйгардон созад.

       Чӣ чиз беҳтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Дар ҳолате, ки бо забон ҳарф мезанем, дарс меомӯзем, шаҳрҳо бунёд месозем, ҳақро ба субут мерасонем, Офаридгорро зикр мекунем. Инчунин дар қатори хубиҳо Эзоп забонро бадтарин чизи дунё номидаасг, зеро забон оғози фитнаву баҳсу ҷанҷолҳост, манбаи дасисаву балоҳост. Забон дурӯғ мебофад, ғайбат мекунад, дурусту нодурустро нишон медиҳад, нафрин мехонад, носазо мегӯяд, фасод меандозад, ҳилаву фиреб ба кор меборад.

        Метавон гуфт, ки ба воситаи забон оламу одам бунёд ва оламу даҳр вайрону валангор ва барбод метавон кард. Аз ин рӯ, ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки забонро посбони сари худ ҳисобида, мулоҳизакорона андеша ронад, хусусан дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ то сазовори ҳамаи хубиҳои олам бигардаду соҳибобрӯ шавад.

Хулоса, сухан оғозу анҷом аст, сухан розу роҳнишондиҳандаи ҳаёт аст. Сухан дард аст, сухан хушию илҳом аст, ки онро инсони бузург офарида. Наметавон лол гашт, наметавон пурдард буд, наметавон танҳову хомӯш ибрози андеша сохт, аммо ба ибораи халқ: «Як сухан 366 паҳлӯ дорад», ҳар як суханро дар тарозӯи ақл баркашид, сипас пеш оварду талаффуз кард. Бояд кӯшид, ки суханвари асил буд. Бояд дили ҳамагонро бо сухан ба даст овард. Бояд сухане гуфт, ки бо хун аз дил падид омада бошад. Бояд сухане гуфт, ки дурри маънӣ гардад ва касро ҳузури ҷону зӯру тавон бахшад.

 

Насимова М.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд