Агар ба таърих ва бунёди фарҳанги хеш назар андозем, маълум мегардад, ки ҳифзи Ватан ва марзу буми он яке аз арзишҳо аз даврони авестоӣ ба ҳисоб меравад. Махусан дар давраи қадими таърихи матнҳои авестоӣ мавҳумҳои аз қабили немания – аъзои оила, висия- эзидон, шаҳр, фраваишҳо – фариштаҳои кишвар, вира – мард, сарбоз, нафа – иттиҳод, вис – маънии масканро дорад, ки ин мавҳумҳо мавриди ситоиш мебошад. Ё ки дар “Шоҳнома” -и безаволи А. Фирдавсӣ ватану ватандорӣ, зодгоҳ дифои қаламрав ҳифзи он, муқобилият ба бегонагон яке аз  вазифаҳои муқаддастарини муҳимтарин арзёби мегардад. Ин ҳама нишонаҳои он аст,ки арзиши Ватандорӣ ва номусӣ диёрдорӣ ҳамеша барои мардумони мо ва барои фарҳанги миллиамон ниҳоят вазифаи муҳимтарин арзёби мегардад.

Чӣ тавре ки  маълум   дар тамоми давраҳои таърихи милатамон ҳамеша барои ҳифзу бақои мамлакат артиш ва ниҳодҳои ҳарбию амниятӣ  нақши босазо гузоштаанд. Ҳар як ҷавон бояд донад, ки мактаби мардонагиро гузашта, ҳифзи модар – Ватанро вазифа ва қарзи аввалиндараҷа худ дониста онро бо сарбаландӣ  иҷро намояд.

Хусусан дар замони зудтаъғирёбандаи имрӯза ҳар як шаҳрванд сароғоз аз падару модар, омӯзгор, соҳибкор ва тамоми ташкилотҳои ҷомеъаро зарур аст,ки арзиши ҳифзи марзу бум, хизмати ҳарбиро ки майдони мардонагию ҷасорат мебошад ба ҷавонон тарғиб намояд. Саркаши ва фирор кардан аз он, оини ҷавонмардӣ набуда маънои беэҳтироми ба арзишҳои ватандорию маҳанпарасти мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони ба ору номус бояд донад ,ки Ватан – модари худро дифо карда тавонад. Барои ба ин мушарраф гаштан ҳар як шаҳрванди ҷавон бояд ҷисми худро обутоб ва аз қуролҳои ҳозиразамонро баҳри дифои Ватан истифода науда тавонад – барои ин дар сафи артиши милли хизмати Ватан -модаро ба ҷо оварад. Қарзи виҷдонӣ, ва номуси шаҳрвандиро иҷро намояд.

Артиши миллии Тоҷикистон нисбатан ҷавон зодаи даврони  Истиқлоли давлатӣ буда, имрӯз қудрат ва тавонои онро дорад,ки марзу буми муқадасси худро ҳифз намояд, зеро ҳар сокини он сарбози ин Ватани биҳиштосост. Ҷавонони Тоҷик бояд сазовори қаҳрамонони таърихии худ, Темурмалик, Спитамин,Шерак ва ғайраҳо бошанд.

Муҳиддинов А.Р. Профессори кафедраи “Технологияи маҳсулоти хӯрока”-и ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар ш.Хуҷанд.