Бо мақсади баланд бардоштани ифихори миллӣ, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдададориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, фаҳмонидани талаботи Қонуни мазкур дар байни ҷавонон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон  тибқи нақша – чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят силсилаи вохӯриву мулоқотҳо доир шуда истодаанд.

Дар ҳошияи ин нақша – чорабиниҳо имрӯз дар толори калони маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти донишҷӯён бо Бобоҷонов Музаффар, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Волидони сарбозон” ва Азизов Шуҳратҷон, роҳбари Ташкилоти ҷамъияти шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилоят доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Зариф Довудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” бо тарҳи нав ба ҳукми қонун даромадааст ва мақсади чорабинии имрӯза фаҳмонидани моҳияти қонун аст.

Музаффар Бобоҷонов зимни баромад баён дошт, ки мувофиқи талаботи қонуни нав донишҷӯёне, ки дар зинаҳои магистратурӣ ва аспиратурӣ таҳсил мекунанд ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд. Он нафароне ҳуқуқи таъхир ба хизмати ҳарбиро доранд, ки дар деҳҷойҳо ба сифати омӯзгор фаъолият доранд,  дар хона писари ягона бошад, маҷрӯҳи гуруҳи 1 ва 2 ҳастанд,  унвони илмии номзадӣ ё доктори илмҳо аз рӯи ихтисос дошта бошанд. Шаҳрвандоне, ки барои озод шудан ё ба таъхир андохтани муҳлати даъвати ҳуқуқ надорад, метавонад ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағи муаяйн хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ гузаранд.

Дар баромади Азизов Шуҳрат зикр шуд, ки хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам нангу ҳам шараф аст. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи қисмҳои низомии кишвар куллан беҳтар гардида, сарбозон дар шароити мусоид пайи хизмати марзу бум қарор доранд. Аз ин рӯ, қарзи ҷавонмардиро иҷро кардан ҳам фарз асту ҳам қарз. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин маъракаҳои муҳим фаъолнокӣ зоҳир намоянд.

Аз ҷониби донишҷӯён вобаста ба шароити буду боши хизмат ва паҳлӯҳои қонуни нав суолҳо дода шуда, посухҳои мушаххас дода шуд.